Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Ман аз амали дирӯза узр мехоҳам ва ҳоло омадам барои шустани гуноҳ,—афзуда буд вай:—Омадам, ки Шуморо даъват кунам боз ба ҳавлии худам.

Мулло Тӯйчӣ ин бегоҳ низ Умар Ҳофизро ба ҷону ҳолаш намонда ва илтимосу зорӣ карда, боз ба ҳавлиаш бурда тавонист.

Умар Ҳофиз ҳам, ки якравиҳои кӯҳистонӣ дошт, худ надонист, чӣ хел он ҷо рафта буд.

Ин дафъа Умар Ҳофиз ҷомаро, ки ҷавон дар охири сӯҳбат пеши вай аз нав гузошта буд, рад карда натавонист. Зеро ҷавон гуфта буд:

-Наметавонам ором шавам, ки Умар Ҳофиз бо ҷомаи хулида ва дарида гашта бошаду ман нафаси сабук кашида гардам. Ҳаа, дар бораи Шумо пурсуҷӯ карда, басо чизҳоро аниқ карда фаҳмидам. Фаҳмидам аз мардуми водии Фарғона... Медонам, ки зарурати рӯзгор Шуморо ба ин ҷо кашида оварда. Варна...- чанде хомӯш монда буд.-Ба ҳар ҳол шодам, ки аз тасодуфи омадани Умар Ҳофиз, тавонистам вохӯрда ба ин кас, яъне бо Шумо дар ин ҷо...

Минбаъд низ Мулло Тӯйчӣ омада, Умар Ҳофизро аз корвонсаро ба ҳавлиаш мебурд, онҳо ҳамсӯҳбати ва улфатии хешро идома ҳам медоданд.

Умар Ҳофиз дар шахси Мулло Тӯйчӣ касеро дарёфта буд, ки бо вай дилро холӣ намудан ва гуфтану хандидан ва монандӣ ин мумкин буд, хоса баҳазуру озод суруд хондан ва тараннум кардан мумкин буд дар хонадони вай. Бо василаи суруд ғубору ташвиши дилро, ки аз боиси дурии зодгоҳ ва дурии ҳамсар аз боиси оворагӣ дар мулкҳои мусофирӣ падид омада буд, тоза кардан имкон дошт.

Мулло Тӯйчӣ вақти сурудхонии Умар Ҳофиз бо тамоми ҳастӣ гӯшу ҳуш мегардид. Баъд бо чашмони нимпӯш дурудароз ба андеша мерафт.

Ва шабе баъди фароварди сурудаи навбатии Умар Ҳофиз вай

пешина
аз 194
навбатӣ