Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҚОРӢ НОСИР ВА ДӮСТОНИ ВАЙ

...Алкисса асои Умар Ҳофиз моро сӯи ифшо гаштани қиссаҳои дигар бурда буд. Ва алҳақ, асои сеҳрнок барин кушояндаи асрори дигар шуда метавонист ва дари розҳои дигари гузаштаро ба рӯи мо боз карда метавонист, аз ин боис, дар даст ин асо, аз кӯча ба кӯчае, аз гузар ба гузаре, аз ҷое ба ҷои дигари Исфаразамин ва назди одамони сину соли гуногун ва мартабаҳои гуногун мерафтем ҳамоно ва пурсуҷӯро идома ҳам медодем.

  • Пештар ягон макони водии Фарғона мисли Исфара чойхонаи зиёд надошт, - мегуфтанд мӯйсафедони чойхонашин, ки асои табарукро аз дасти мо гирифта, рӯи дасти худ мегардонданд. - Худи мардуми Исфара чойхонашиниро хуш доштанд...

Умар Ҳофиз ҳам, ҳарчанд марди серкор буд ва фурсати ками ба чойхона нишастан дошт, бо вуҷуди ин агар ба чойхонае ворид шуда ва нишастан имкон гардад, чойхонаи Қорӣ Носирро интихоб мекард. На фақат барои он, ки ин ҷо дар бари оби равон буд ва ин ҷо ҳар сол маросими Сайри Лола мегузашт. Зеро чойхонаи Қорӣ Носир як театри халқиро ба ёд меовард.

  • Пештар бозори Исфара рӯзи чоршанбе мешуд. Вале он замонаҳо мегуфтанд, рӯзҳои чоршанбе дар Исфара ду бозор мешавад: якеаш дар бозори муқаррар, дигараш дар чойхонаи Қорӣ Носир.

  • Агар аз бозори муқаррар хӯрданиву пӯшиданӣ харидан имкон бошад, аз чойхонаи Қорӣ Носир ғизои маънавӣ гирифтан имкон дошт, - меафзуданд мӯйсафедони Исфара.

  • Қорӣ Носир дар навохтани дутору танбӯр ва ғиҷчак ва дар кашидани най ва навохтани доира ҳунарманд буд, - илова мекарданд онҳо.

  • Вале даме, ки суруд замзама мекард, ба даст асбоби мусиқа намегирифт. Ақида дошт, ҳангоми сароиш, дар даст асбоб

пешина
аз 194
навбатӣ