Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

дасти бача ба гиччак баъзе шабоҳат дошта буд, ҳарчанд косахонааш аз нимаи тамошокадуи дарунхолие иборат буду болояш пардачӯби тунук васл гардида, дастаи он аз кадом пораи хода ба ҳам омада ва болои онҳо ва болои пардачӯби даҳанаи тамошокаду чанд тора кашида шуда буд...

Қорӣ Носир пай бурд, асбоби ба гиччак монандро худи ин бача сохта ва аз ин сахт мутаваҷҷеҳу дар ҳайрат гардид, вале аз андешае, ки барои бача халал нарасонад, дар қафотари давра, дам ба дарун кашида, истод... Охир ин бача Мирзо буд...

Асли рӯйдод чунин буд, ки дар чанд рӯзи ахир Мирзо дар ҳавлии бибиаш асбобҳои наҷқории тагоҳои худро гирифта, тамошокаду ва порачӯб дарёфта, кадом чизе сохтанӣ мешуд — зеро вай касби тагоҳои худ — чӯбкориро зеҳн монда, каме аз бар карда буд. Ва бо истифодаи ҳамин ва истифодаи асбоби наҷқорӣ барои худ асбоби навогарӣ сохтан мехост ва маҳсули он ҳоло дар дасташ меистод, ки бо он зӯр зада навохтан мехост. Яъне Қорӣ Носир фаҳмида буд, чаро писарак чанд рӯзи ахир ба чойхонаи вай наомада буд.

Ва чун навогарии бачаяк дар асбоби худсози худаш ба охир расид, Қорӣ Носир дигар худро дошта натавониста, миёни давраи наврасон ворид гардид ва аз зери каши Мирзо гирифта, варо боло бардошт ва аз пешониаш бӯса зад. «Ҳоо, бале-е!» — нидо баровард ҳатто вай.

Бачаяк ба худ омада, Қорӣ Носирро дид ва азбаски чунин мулоқотро нигарон набуд, шах шуд.

Вале нигоҳи Қорӣ Носир пур аз меҳру самимият буданд. Ин нишонаи пайдо шудани эътиқоди вай буд нисбати Мирзо, ҳол он ки на ҳар касро чунин қадр мекард Қорӣ Носир.

...Ва ҳоло Мирзои кӯчакро Қорӣ Носир ба замин намонда, ба чойхонааш баргашт ва ба ҳуҷраи паҳлӯи самоворхона даровард ва гиччаки дастсози бачаро бори дигар дурудароз аз назар гузаронида, «бараккаллоҳ-е!» гуфт. Ва замирашро ҳанӯз ҳаяҷоне моломол медошт, ки бача чӣ талоши беҳад карда дар сохтани асбоби мусиқа ва баробари ин кадом чизе ба хотираш расиду ба нақли он пардохт:

  • Асбоби навогариро одам нахустин маротиб ба таклиди
пешина
аз 194
навбатӣ