Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
-Ин асои Умар Ҳофиз, - ошкор мекунад Ибни Ямин барои мо. - Умар Ҳофиз аз мақомдону мақомхони Исфара ба шумор мерафт. Балки аз бузургтарин мақомхони ин диёр буд...
Ба хотираш чизи дигар ҳам мерасаду аз ҷо хеста, аз миёни китобҳои бисёри қадима, ки бо ҳуруфи форсӣ ва арабӣ хаттоӣ шудаанд, дафтари рангпаридае дарёфта, пеши мо меоварад. Дафтарро Ибни Ямин «Рисола» номгузорӣ кардааст. Дар рисолаи вай, ки ҳамчунин бо хутути форсӣ таҳия шудааст, таърихи мадрасаю мазор ва ёдгориҳои фарҳангиву меъморӣ ва таърихи тавлиду фавти касони мӯътабари Исфаразамин сабт гардидааст, ки худи вай ин корро замоне ба анҷом расонида будааст. Ана авроқи даркориро пайдо намуда, ба чашмони пиронааш айнак ниҳода, ба сатрҳои печидае синҷа мекунад.
-Умар Ҳофиз, - мехонад Ибни Ямин аз рисола, - дар кӯчаи Угуртаки назди масҷиди Ҳоҷиёни Исфара мутаваллид гардидааст. Номи падараш Мулло Халифа будааст.
Таърихи вафоти Умар Ҳофиз, яқинтараш таърихи кушта шудани вай низ аз рисолаи Ибни Ямин пайдо мешавад: охири даҳаи бистуми қарни бист.
Ғайбуллошайх Абдуллошайхи 90-сола гиреҳи дигарро барои мо во мекунад:
-Умар Ҳофизро дар қабристони гузари мо ба хок супорида буданд: худам шоҳиди он шудаам...
Ба зиёрати хоки ҳофиз моил буданамонро изҳор мекунем.
Ғайбуллошайх инро шунида, бо чашмони обрави пиронааш як ба мо нигариста, кадом ҳарфе гуфтан мехоҳад, аммо тааммул мекунад. Пасон мехезаду «рафтем» мегӯяд ниҳоят.
Қомати мӯйсафедро 90 соли умр ҳам замондааст. Аз ин боис вай якка-якка ва оҳиста қадам мениҳад. Ва мо аз думболаш равона шудаем.
Баъди чанд фосила, мӯйсафед паси масҷиди Ҳоҷиён мегузарад.
-Як замон дар ин ҷо қабристони калон буд, - изҳор медорад вай, - одамони мӯътабари Исфара дар ҳамин ҷо гӯру чӯб мешуданд...
Аммо аз «қабристони калон» порчаи кӯчак мондааст, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё