Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

забон. Бе дасту ангуштон, ки гирифтани асбоби наво ва навохтан бе онҳо имкон надорад, бе гӯш, ки шунидани лаҳну овоз бе онҳо мумкин нест ва бе забон, ки мақомҳоро, бе ин узви даркорӣ, такрору тараннум кардан илоҷ надорад...

Мирзо шикамашро ва танашро сахттар ба андоваи болои боми баланд паҳш карда буд ва гӯё бо ин васила аз чашми рақибон худро бештар пинҳон кардан мехост ва хоса дастонашро ва панҷоҳаяшро, ки онҳоро зери шикам кашида буд, пинҳон кардан мехост. Ва Мирзо ҳоло, аз чӣ бошад ривоятеро барқсон ба ёд оварда буд, доири Борбади ромишгари замони қадим, ки рақибон ангуштон ва дастони навогараш ва забони навосарояш ва узвҳои дигарашро бурида буданд ва ё боиси бурида шудани онҳо гардида буданд. Вале Умари Дузд ба иловаи ин ҷабру бедодии аз қадим омада, боз ангуштону забони Мирзоро низ буридани ва гӯшҳои навошунавои варо аз бехашон кӯтоҳ кардани буд, яъне аз қотилони пешина гузаронидани буд ва бар замми ин хуни Мирзоро ҳам ошомидани буд вай...

Сукунати пеш аз тӯфон ва яқин пеш аз таҳлукаву даҳшат, ки ангуштон ва дастон ва гӯшони Мирзои кӯчак гӯё аллакай бурида шуда бошад, дар миён меистод ва ин сукунати вазнин ва сангин буд.

-Умарбек,-шунида шуд ин вақт овозе аз поён, ё атрофи ин иморат.-Касоне, ки мекобед, омад-омади шуморо фаҳмида, ҳадаҳа аз ин бом парида, гурехта рафтанд...

Овоз пиронаву беҳол меомад. Ва овозе буд, ки баъди сукунати вазнину сангин пайдо гардида буд.

-Ба кадом тараф гурехтанд, ин лаънатиҳо?-овози дагале шунида шуд ин маротиба, ки ба овози гӯл шабоҳат дошт ва яқин азони Умари Дузд буд.

-Ҷониби зардолузори баромадгоҳи киштзор гурехтанд унҳо...-овози пиронаи беҳол ҷавоб дода буд боз.

Дар поён ва атрофи иморат аз нав хомӯшии вазнину сангин фитода буд. Мирзо ҳоло гумон мекард, маҳз дар ин хомӯшии вазнин таппиши беисти дили худаш, ки торафт зиёд шуда, ба гӯши саворагони поёни иморат мерасад. Ҳуллас дили беҳад

пешина
аз 194
навбатӣ