Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ва халқии тоҷик фароҳам омада буд... Гӯё мақомҳо ливое буд, байрақе буд, ки онҳоро то қуллаи мақсуд, яъне то замони оянда расонидан лозим меомад. Вале таърих боз ором намеистод ва ҷангу чидол ва хунрезиву печишҳо идома дошт. Ва боз бузургтарин навогарон, ки дувоздаҳ симфонияи бузурги классикии тоҷикро — «Дувоздаҳмақом»-ро медонистанд, бо ҳар васоилу баҳона, ё тасодуф кушта мешуданд, ё маҳв мегаштанд. Яъне байрақбардорон тир мехӯрданд, меафтоданд, вале дигарон онро мебардоштанд, пеш мебурданд. Баробари ҳар бардорандаи ин парчам худи парчам тир мехӯрд, зиён медид. Ана барои чӣ «Дувоздаҳмақом» фақат бо шакли кӯтоҳу кӯчакшудаи «Шашмақом» боқӣ монд, яъне аз дувоздаҳ симфонияи азими тоҷик фақат шаш симфония монд ва он ҳам на бо тарзи мукаммал то замони дигар расид. Вале ҳамин осори каммондаро, яъне нисфмондаро низ ба ояндаҳои дури дур бурдан ва расонидан лозим меомад. Ва оянда қатори бисёр фидоиёни халқ яке аз парчамбардорони «Шашмақом» бояд Мирзои кӯчак ҳам мешуд. Мирзои наврас, ки аллакай эътироф гардида ва кайҳо ба номаш унвони «Навозанда» пайваст хӯрда буд...

...Мирзо рӯи асп, дар бағали Умар Ҳофизи таҳимтан, он рӯз, дар ин бораҳо андеша намекард. Баъди халос хӯрданаш аз марги яқин ва рафъ шудани эҳтимоли беангуштон ва безабон ва бегӯшҳо монданаш аз ҷониби Умари Дузд ҳоло вай дар бораи зиндагӣ ва ширинии ҳаёт бо тарзи хоси бачагона андеша мекард. Баъд мақом ҳам аз ширинии зиндагист, ё худ ширинии зиндагист. Пас зинда бодо мақом ва шириниҳои зиндагии намиранда!

Мирзо ин лаҳзаҳо ҳатто фикр намекард, ки Умари Дузд ҳанӯз зинда аст ва дасташ амал мекунад ва он даста аз шикори рӯирости Мирзо, ки писархонди Умар Ҳофиз аст, даст накашидааст, хуллас таҳдиду хатар ба ҷони вай ҳанӯз идома доранд...

Наход Мирзо ҳам кушта шавад ва аз дарди вай бимирад Умар Ҳофиз, ин марди пиршудаву беҳолгардида ва бемор ва мубталои ғӯсса ва дилшикаста... Ва наход баробари Мирзо боз як гӯшаи дигари созу наво ва санъати мусиқаи тоҷик барҳам бихӯрад?...

пешина
аз 194
навбатӣ