Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

атрофиёнашро ҳамчунин хезонд ва рӯи арк баровард, то пайдоиши овози ғайбиро мунтазир шаванд.

Ё овози диина субҳ шунидааш шояд лаҳни парие буд, ки ин сабоҳ мумкин дигар такрор нагардад?

Дар осмони болои сар ахтарон хира мегаштанд, сафедии сабоҳ амсоли шири пистони модар ба ҳалқи замин мерехт, то заминро қувват ва шарбат ва неру ва анвор бахшида тавонад...

Ва рӯи ин замин интизории хон идома ҳамеёфт.

«Шояд ин сабоҳ дигар шунида нашавад овози фасонабори ғайбии дирӯза?» — ҳавотирӣ дошт хон ҳамоно.

Вале маҳз ин ҳангом, аз кадом ҷои номуайяну дури олам амсоли амвоҷи ба соҳил оянда овозе падидор гардид. Вале чӣ амвоҷи зебо, чӣ амвоҷи беҳамто буд ва чӣ амвоҷи мӯъҷизабор буд ин!

Яке аз хизматгорон самти омади овозро муайян кард ва ҳамроҳи чанд нафар ба он ҷониб шитофт.

Худоёрхон, аз дил гузаронид, ки оё имрӯз чашмаш ва дилаш мунаввар мешуда бошад аз чеҳраи амсоли овозаш хуршедвору нурбори ҳофизи ношинос, ё шояд парии хушовоз? Бале, ба тасаввури хон ҷилва мекард, ки чеҳраи ҳофиз амсоли овозаш зебою дилкаш, пурсеҳру фасонавӣ бошад. Бале соҳиби чунин овоз бояд чеҳраи дилкаш дошта бошад, ё чеҳраи осмониро соҳиб аст...

Риштаи маҳини андешаҳои хонро, як вақт, овозе барканд: хизматгорон марди калонҷуссаи қадбаланди девсурати дагалтанро кашола карда меоварданд ва ун мардак ба такрор зикр менамуд, ки: «ман гуноҳ надорам, маро раҳо кунед! Монед

пешина
аз 194
навбатӣ