Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Бале худи Умар Ҳофиз омадааст инак ба қароргоҳи вай. Балки ба ҳуҷум омадааст. Ва чунинашро ҳаргиз интизорӣ надошт Умари Дузд, хосатан, ки шунида буд, балки аниқ карда буд, Умар Ҳофиз аз бозиҳои вай ба изтироби беҳад омада, ба ноумедии шадид фитода ва сахт бемор шудааст ва бистарӣ гардидааст ва дигар хеста наметавонад...
Чунин шунида буд, балки аниқ карда буд нисбати Умар Ҳофиз барои худаш Умари Дузд.
Аммо бинанд, ки Умар Ҳофиз ин ҷо падид омада. Падид омада ҳамчун балои ногаҳон.
Дида мешуд, Умар Ҳофиз зери як каши худ асои оҳаниро пахш карда медорад, яъне ҳамон асое, ки бо он ба ҳуҷум гузашта андаруни горҳои пурпеч. Аҷибаш, ки нисбати марг бепарво ва бо ҷадалу бебок меомад Умар Ҳофиз. Гӯё барои мурдан меомад ҷониби Умари ҳамноми худаш ва ҷониби тирҳое, ки мепариданд ҷонибаш. Балки баъди мурдани ҳамроҳонаш, ки бо вай ин ҷо омада буданд, аз мурдан намеҳаросид дигар Умар Ҳофиз. Шояд барои ҳамин бебок меомад, ки худаш ҳам мирад. Чунин меомаду шояд барои ҳамин тирҳои ҷониби вай паррондаи Умари Дузд намерасиданд ба танаш. Охир гӯянд, ки касе аз марг наҳаросад, марг ба вай таъсир карда натавонад.
Умари Дузд ҳарчанд аз гурехтан намонда буд, вале ҳар гоҳ истода, ба душмани эълонкардаи худаш, ба он марди хастаҳол ва коҳида, ки қафаси синааш номураттаб шинухез мекард ва танаш алвончу калавиш дошт, вале на вобаста ба ин пеш меомад, тир мекушод. Умари Дузд мехост ҳарифаш чоқу барчок шуда, танаш галбер гардида бошад. Оре шавад чунин, ки мардуми Исфара варо бо ин марди пиршуда, яъне бо Умар Ҳофиз муқоиса мекарданд, яъне бо марде муқоиса мекарданд, ки ҳамеша боиси ғазабу қаҳр ва изтироби Умари Дузд мегардид...
Умари Дузд ҳанӯз ҷониби Умар Ҳофиз тир мекушод, вале шояд аз ҳаяҷон ва шояд аз қаҳри фузуда, ё шояд аз ларзиш хӯрдани дастон тири наганаш хато мерафт, ё шояд баръакс ба Умари Ҳофиз мерасиду вале корвонбошӣ сари қаҳри шадид, ё аз боиси нисбати марг бепарво буданаш тирҳои сурохгари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё