Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

матншиносии адабиёти муосири тоҷик буд. Ва ҳозир ман хурсандам, ки яке аз мутахассисони ҳамин соҳа, шогирди камина духтури илми филология Аламхон Кӯҷарзода шуд. Яъне, бевосита мактаби сеюми таҳқиқоти адабиётшиносӣ дар Донишгоҳи миллӣ ба вуҷуд омад, на дар ҷои дигар.

Омӯзиши афкори адабии суханварони муосири мо низ аз масъалаҳои камомӯхта мебошад. Банда, ки аз солҳои чилум боз ба нақди адабӣ машғул будам, сари ин масъала пайваста фикр мекардам. Афкори адабии тамоми халқҳои ҷаҳонро, аз Юнони қадим сар карда, то ба имрӯз дар заминаи муқоиса меомӯхтам. Диққати шогирдонро ҷалб мекардам. Хушбахтона, ба ин мавзӯъ каму беш ҷавонмарди боистеъдод Абдулҳай Маҳмадаминов машғул шуд. Ӯ афкори адабиётшиносии моро дар симои Айнӣ ба итмом расонид ва доктор шуд. Шогирди дигарам профессор Асадулло Саъдуллоев мебошад. Ӯ зери роҳбарии камина дар масъалаи публисистика, ки бо нақди адабӣ пайванди хос дорад, рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Имрӯз аллакай ӯ духтури илми филология аст.

Дар охири умр аз он шодмонам, ки Абдуҷаббор Раҳмонов пурарзиштарин кореро дар илми матншиносии тоҷик ба итмом расонд. Адабиётшиносии муқоисавӣ, аз он ҷумла ҳамон мавзӯе, ки А.Раҳмонов интихоб кардааст, асоси тамоми навъҳои адабиёти бадеӣ аст. Хулоса, таъсири курси адабиётшиносии муқоисавиро, ки солҳои сол дар Донишгоҳ мегузаштам, дар симои Абдуҷаббор Раҳмонов мебинам».

Албатта, чунин маънидод аз ҷониби устоди устодони кишвар, адабиётшиноси маъруф, мунаққиди оташинсухан, омӯзгори сахтгиру серталаб ва инсони дорои интеллекти баланд, ки роҳбарии илмии бевоситаи номбурдагонро ба уҳда доштанду онҳоро ҳамчун фарзандони маънавӣ ном мебур- данд, далели эътироф ва муайянкунандагии мақому манза- лати илмиву омӯзгорӣ ва инсонгароии шогирдон, хусусан профессор Аламхон Кӯҷарзода мебошад.

пешина
аз 226
навбатӣ