Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

«Умре, ки сарфи хома шуд» (2008), «Бузургонро бузургон зинда медоранд» (2000), «Нигоҳе ба нақди адабии Соҳиб Табаров» (2014), «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» (2014) барин мақолаҳои арзишманду шоистаро дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврии кишвар ба табъ расонидаанд. Соли 2014 бошад, бахшида ба 90-умин солгарди шодравон С. Табаров як китоб бо номи «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (Душанбе, «Адиб», 2014. — 160 с.)-ро пешкаши хонанда намуданд.

Бузургӣ ва инсонгароии устод А. Кӯҷарзода дар нисбат ба устодаш С. Табаров ҳангоми пиронсолӣ боз дар он аён мегардад, ки ӯ дар ин давра муҳарририи як қатор асарҳои мавсуфро аз қабили «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ» (қисми сеюм. Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филология. Душанбе: Матбааи байни донишгоҳҳои олӣ, 1999. — 224 с), «Мунзим. Беҳбудӣ» (Душанбе: ДДМТ, 2002. — 88 с), «Се маорифпарвари тоҷик дар бораи амирони манғит» (Душанбе: Эҷод, 2008. — 208 с), «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» (Душанбе: Дониш, 2008. — 715 с), «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» (Ҷ. II. — Душанбе: Дониш, 2009. — 502 с) ва «Пайрав Сулаймонӣ» (Очерки ҳаёт ва эҷодиёт. Чопи дувум. Душанбе: Дониш, 2012. — 538 с.)-ро бо навиштани сарсухан ба ду қисми китобҳои «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» бар дӯш доштаанд. Устод ҳамчунин тартибдиҳандаи библиография бо номи «Соҳиб Шуҳратиевич Табаров» (Душанбе: Диловар — ДДМТ, 2003. — 40 с.) мебошад. Ин аст, ки устод С. Табаров қудрати бузурги зеҳнӣ, донишмандӣ ва заҳматписандиву олами маънавии профессор Аламхон Кӯҷарзодаро ҳанӯз он давраи донишҷӯӣ хеле хуб дарк сохта, ҳамеша бо ихлосмандии диёд ба эшон назар менамуданд. Аз ин рӯ, маҳз дар симои устод А. Кӯҷарзода идомадиҳандаи мактаби хешро дида, бо эътимоду боварии том дар яке аз мактубҳояш аз таърихи 5 майи соли 1999 чунин менигоранд: «Хоҳишнома, Аламхон Кӯҷарзодаи

пешина
аз 226
навбатӣ