Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Амиршоев (психология), Назруллоева (психология), Шарифхоҷаев (педагогика), Пахлавонов (педагогика), Раҳмонов (педагогика).
Б. Қурбонов (тарбияи ҷисмонӣ), Тағоев (тарбияи ҷисмонӣ).
Ҳар яке онҳо бо кору пайкор, хулқу атвор, ҳунару истеъдод, тимсоли мураббии ғамхору дилсӯз ва роҳбалади рӯҳнавоз дар дили мо шӯълаи илму донишро афрӯхта, ҳаққи устодиро сазовор гаштаанд.
Ҳайати устодону профессороне, ки ба курси мо дарс мегуфтанд, дар ҳақиқат намунаи ибрат буданд. Заҳмати беандозаи онҳо роҳбалади шогирдони ташнаи илму дониш гардида ва мо – шогирдон соҳибмаълумоту соҳибкасб ва билохира соҳибэҳтиром гаштаем. Албатта, онҳо низ аз дастовардҳои шогирдони болаёқат ҳисси ифтихор хоҳанд дошт.
Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои донишҷӯйии мо (1984-1988) маҳфили «Адибони ҷавон»-и шаҳри Кӯлобро устоди донишманди мо А. Кӯҷарзода сарварӣ мекард. Нуфузи ин маҳфили адабӣ дар шаҳр рӯз аз рӯз меафзуд. Устод А. Кӯҷарзода эҷодкорони нав ба навро аз ҳисоби донишҷӯёни донишкада ба арсаи эҷод ҳидоят намуд. Ҳамкурсонам шоира Хиромон Неъматзода, шоир Содиқҷони Завқӣ, рӯзноманигори маъруф Саида Набиева, олими забоншинос Хайрулло Табаров ва чанде дигарон дастпарварони ҳамин мактаби адабианд. Ман низ аъзои ин маҳфил будам ва устод А. Кӯҷарзода дар таълиф намудани мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дасти маро рост карда буд. (Бо устоди қадрдон ҳоло низ ҳамкорӣ дорам).
Муддати 27 соли фаъолияти омӯзгориам дар дарсҳо ва берун аз дарс аз гуфтору рафтор ва услуби хоссаи таълиму тарбияи устодони донишгоҳи азизам ёдовар ва коргир мешавам. Баъзан аз лаҳзаҳои фараҳбахши айёми донишҷӯйӣ, аз тарзи омодагӣ ба машғулиятҳои таълимӣ, шабнишинӣҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё