Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

баҳсҳои суханшиносӣ оид ба мавқеи иҷтимоӣ ва моҳияти таърихии адабиёти бадеӣ бомуваффақият ҳал мегардад.

Дар адабиётшиносии тоҷик нахустин тадқиқоти мукаммали матншиносии адабиёти давраи нав ба қалами Аламхон Кӯҷарзода тааллуқ дорад, ки он таҳти унвони «Тадқиқи текстологияи «Одина»-и С. Айнӣ» соли 1982 ба табъ расида буд. Муҳаққиқ тағйироти дар мундариҷаву бандубаст, образҳо, порчаҳои шеърӣ, забон ва воситаҳои тасвири бадеии матнҳои чопии солҳои 1924-25, 1927, 1931, 1935, 1938, 1948 ва 1958-и қиссаро тадқиқ намуда, масъалаи чопи интиқодии онро ба миён мегузорад ва баъдтар, вақте ки дастхати «Одина» дастрас мешавад, матни илмии асарро аз тариқи нашриёти «Дониш» соли 1992 ба хонандаи мутахассис пешниҳод мекунад.

Фаъолияти муҳаққиқии А. Кӯҷарзода махсусан дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон густариш ёфтааст. Дар ин муддат беш аз 100 номгӯй таълифоти ӯ доир ба масъала ва муаммоҳои гуногуни матншиносӣ ба табъ расидаанд. Махсусан «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори С. Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» (2002) бо масъалагузорӣ, таҳлилу натиҷагириҳои амиқу судманди илмӣ аз ҷумлаи осори бунёдии муаллиф дар соҳаи матншиносӣ маҳсуб меёбанд.

А. Кӯҷарзода дар китоби «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» бо роҳи омӯзиши комплексӣ - муҳимтарин усули матншиносии фардӣ рафта, ба таҳқиқи умумӣ ва яклухти матни насри устод Айнӣ мепардозад. Дар ин таҳқиқот асарҳое мисли «Одина», «Дохунда», «Марги судхӯр», «Ғуломон» мавриди баррасии матншиносӣ қарор гирифтаанд, ки дар эҷодиёти устод Айнӣ мавқеи марҳалавӣ дошта, моҳияти ғоявию бадеӣ ва услубии кулли эҷодиёти нависандаро ифода мекунанд. Ин рисола, ки дар асоси муқоисаи матнҳои қаламӣ ва чопии асарҳои мазкур фароҳам омадааст, аз ҷиддитарин тадқиқоти илмӣ на фақат дар соҳаи матншиносӣ, балки умуман адабиётшиносӣ ва махсусан айнишиносӣ дар солҳои охир аст ва барои ин рисола муаллиф

пешина
аз 226
навбатӣ