Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Кӯҷарзода бо нигориши мақолаҳо ва чопи китобе зери унвони «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ», ин мавзӯи барои ҳар як забоншиносу адабиётшинос муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, метавон гуфт барои донишҷӯёну донишгоҳҳо дастури муфиде таҳия намудаанд. (Аламхон Кӯҷарзода, Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ, Душанбе, 2013)
Имсол ба баҳори умри ин донишманди тавоно, марди хирад, инсони шарифу асил 75 сол пур мешавад, ки зодрӯзи он кас барои аҳли илм санаи хуҷаста мебошад. Ҳафтодупанҷумин соли умри бобаракати ӯро давраи камолот меҳисо-бем ва барои соҳибҷашн ва хонаводаи он кас саодати ҷовидон таманно дорем. Ба ифтихори ин ҷашни муборак мо ба устоди гиромӣ, донишманди фарзона, фидоии илму фарҳанги ҷум-ҳурӣ, Аламхон Кӯҷарзода тандурустиву пирӯзмандӣ, умри дароз ва тамоми хушиҳои рӯзгорро орзумандем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё