Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

матншиносии асар пурра анҷом напазируфта, баъзе хулосаҳои тадқиқот аниқу равшан нагардидааст. Ин ҳолат муҳаққиқро водор мекунад, ки дар оянда низ омӯзиши таърихи эҷоди повести «Одина»-ро дар асоси дастхатҳои он идома диҳад» (Кӯчаров А. Тадқиқи матншиносии «Одина»-и С. Айнӣ. – Душанбе: Дониш, 1982. – 134 с.).

Дар ҳақиқат, баъди чанде бо дастгирии узви вобастаи АИ Тоҷикистон, раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ А. Маниёзов ва мувофиқати донишманди муҳтарам Камол Айнӣ имконияти аз дастхатҳои қиссаи «Одина» истифода кардан фароҳам омад. Ва дар асоси омӯзиши ҷиддӣ ва татбиқи матнҳои қаламию чопии асар матни илмии қисса ба вуҷуд оварда шуд, ки он тариқи нашриёти «Дониш» соли 1992 ба табъ расид. Воқеан дастрас гардидани матнҳои қаламии романҳои «Дохунда», «Ғуломон» ва қиссаи «Марги судхӯр», ки охирҳои соли 1989 ва ибтидои соли 1990 ба вуқӯъ пайваста буд ва амалӣ гардидани чопи илмию интиқодии «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», «Таҳзибу-с-сибён», «Тартилу-л-Қуръон» ва «Заруриёти диния» тадқиқи матншиносии осори С. Айниро ба марҳалаи наву самараноке ворид намуд. А. Кӯҷарзода бо такя ба усули омӯзиши комплексӣ, ки яке аз муҳимтарин усулҳои матншиносии шахсӣ ба шумор меояд ва усули таърихии тадқиқот, ки беҳтарин тарзи омӯзиши зуҳуроти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ба таҳқиқи умумии таърихи мутуни насри устод Айнӣ шурӯъ намуда, матнҳои қаламию чопии «Одина», «Дохунда», «Ғуломон» ва «Марги судхӯр»-ро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

А. Кӯҷарзода дар фасли аввали боби 1-уми китоби арзишмандаш «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (Душанбе: «Матбуот», 2002) дар радифи бозгӯи манбаъҳои матншиносии тоҷик оид ба бе саҳву ғалат ба хонанда манзур намудани матн андеша ронда, иллатҳои ба матни асарҳо ворид гардидани нуқсу ғалатҳоро равшан месозад ва таъкид менамояд, ки дар гузашта низ муаллифони

пешина
аз 226
навбатӣ