Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Оид ба ин масъала ба таври эътимодбахш қаблан дар китоби «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (– Душанбе: Маориф, 1994), ки аз қисматҳои «Матншиносӣ – асоси таърихи адабиёт», «Дар коргоҳи эҷодии устод Айнӣ» ва «Кори наку кардан аз пур кардан аст» иборат аст, масъалаҳои мубрами матншиносӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. А.Кӯҷарзода бо таҳаммули ба худ хос нашрҳои рӯзномавӣ, нашри маҷаллаҳо ва нашрҳои гуногуни китобии асарҳои устод Айнӣ, масалан «Марги судхӯр», «Аҳмади девбанд» ва «Мактаби куҳна»-ро пайдо карда дар натиҷаи муқоисаи матнҳо натиҷагирӣ намудааст, ки тағйироте, ки С.Айнӣ дар матнҳои минбаъдаи повесту ҳикояҳо дохил кардааст, ба ғоя, мазмун, забон ва услуби асарҳо таъсири мусбат расонидааст.

Айнишиносии тоҷик ба туфайли заҳматҳои бедареги А.Кӯҷарзода сифати тоза пайдо кард ва омӯзиши тадриҷии зиндагиномаву мероси устод Айнӣ ба А.Кӯҷарзода низ таъсири мусбат расонид. Низоми кории устод Айнӣ барои ҳамсолону шогирдони эшон мустақиман ва барои наслҳои дигар аз рӯи навиштаҳо маълум аст. Мушоҳидаи чандинсола ва огаҳӣ аз шеваи кории устод ва ҳамкори меҳрубон, вале ба таҳбири Ҷӯрахон Бақозода «одами маънан ва ботинан қатъӣ» А.Кӯҷарзода аз пайравии эшон ба низоми кории устод Айнӣ башорат дода метавонад. А.Кӯҷарзода дар олимӣ олими тавоно, дар шоирӣ шоири хушбаён, дар забондонӣ забондони варзида, дар шеърдонӣ ва таҳлили шеър шоистаи замон, дар омӯзгорӣ намунаи ибрат, дар дӯстӣ содиқу вафодор ва дар маҷмӯъ як зиёии асил мебошад.

Оид ба фаъолияти омӯзгорӣ ва шеваи пажӯҳишгарии А.Кӯҷарзода, одоби муошират, масъулиятшиносӣ ва ҳалимиву беозорӣ барин сифатҳои эшон шогирдону ҳамкорон ва ҳамсабақону дӯстон тариқи навиштаҳои худ ибрози назар кардаанд. Ҳарчанд навиштаҳо ба завқу салиқаи гуногун рӯйи қоғаз рехтаанд, дар ҳамаи онҳо як хатти сабзе ба назар мерасад. Ин хатти сабз бастагӣ дорад ба шахсияти инсонии

пешина
аз 226
навбатӣ