Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ҳамоно дар ҷояш ба ин рӯву он рӯ мегашт, ки ӯ ҳангоми хомӯш кардани чароғ дурахши нигоҳҳои онро пай бурд... Ӯ дар бораи чӣ фикр мекарда бошад? Ҳоло дар хаёлаш чӣ бошад, ки дар нигоҳи танҳояш аз дур ҳам ғусса ҳувайдо мешуд: Ба ҳоли Пӯлод раҳмаш омад ва пеш аз он ки пушти парда гузашта пеши шӯяш дарояд, беихтиёр болои суфа омада бо дасташ сари ӯро пайдо кард ва эҳсос кард, ки чӣ гуна бо тамоми вуҷуд худашро ҷамъ оварду зери дастони модар хомӯш монд. Не, не, пагоҳ албатта, ки ӯ бо онҳо нағзакак гап мезанад, рӯйрост ва аз ҳар хусус, то ки миёнашон ягон масъалаи нопоку номафҳум, ягон ранҷишу гумони бад боқӣ намонад. Зеро бад-ин васила модару писар чӣ тур хоҳанд зист?...
Саҳарӣ ҳеҷ ва хунук фаро расид, ки гӯё ҳама ҷонзоди зиндаро дар биёбон болои кафҳояш бозӣ медоранд.
Хомӯшокаву саросема наҳор карданд ҳар кадоме пайи кори худ рафтаанд. Ана, ӯ аз мактаб меояду — андешид Норточ ва ба чеҳраи гирифтани Пӯлод нигариста, баъд гап мезанем. Ӯро як чиз ба ҳайрат овард, ки писараш имрӯз ҳеҷ гарм пӯшида буд, ҳарчанд ки рӯзҳои дигар ба маҷбур кардан ҳам чунин лилос намепӯшид. Бачаҳои таҳҷой ба сармои ин ҷо тобовар буданд, аммо Пӯлод ҳам аз онҳо мондагӣ надошт. Илҳон ҳангоми аз дар баромадан хост, шӯхиомез чизе бигӯяд, аммо Пӯлод хомӯшона ба ӯ мушташро нишон дод, ки чолокона ҳарфе назада беруни дар шуд. Аз пушти Илҳон, бо портфели рангпарида, писараш ҳам берун шуда ва ӯ сарашро ҷунбонда ба худ табассуме кард: не, писари ӯ бо чунин хислаташ пеши касе сархам нахоҳад буд...
Илҳон чӣ гуфт? «Ту имрӯз шабеҳи як зани фарбеҳӣ, ки танҳо ба сарат чодар намерасад...» Бинед-а, ҳатто Илҳон ҳам ҳиммат пайдо карда бо писари ӯ шӯхӣ мекунад, ҳарчанд пештар аз тарс... ба ҳарфе забон намекушод...
Модар мебоист имрӯз пашми зинадеро тоза мекард,
ки дарҳол аз пайи кораш рафт. Холаи Онадурсун низ
бо ӯ ҳамроҳ шуд. Шояд ӯ ба хотири он, ки Норточ
дар қилайи бародараш тинҷиро меҷӯст, ё чизе дигар
буд, ки ба ин келини нав муомилаи нарм мекард. Онҳо
бо ҳам аз он хусус гап мезаданд, ки занҳо ҳамарӯзӣ
пашм расидаву мегуфтанд: Калобаҳоро фурӯшанд ё беҳтараш барои фурӯш чизе бофанд? Орди дирӯз харидаи
Ялкоп ба ҷуз нон дигар чизе мешуда бошад ё не? Ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё