Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Елеман гуфтаашро мекунад, боз ба чунин зудӣ. Пас гӯфтугӯ дар бораи Ойя, на кор ва хунсардона ҷавоб дод:
— Не, Ҳаким-ого.
Раис бо диққат гӯё бори нахуст медида бошад ба Раҷаб нигарист, вале ҳарфе нагуфта ба пиёла чой рех-ту онро ба Раҷаб дароз кард.
— Барои чӣ, «не»?
— Худат аз ман беҳтар медонӣ.
— Чӣ корҳои туро бояд ман аз худат нағзтар до-нам?
— Аз оҳанги гуфторат бармеояд, ки ту ҳатто чизи набударо ҳам медонӣ. Бе шубҳа, сабаби он чиро ки пурсиданни бароят аён аст.
Раис аз ҷояш парида хест. Барои худро таскин до-дан буд ё ҷамъ кардани фикр, ки рӯи хона қадам за-дан гирифт.
— Хайр, майлаш, — оҳанги нарм гирифт гуфтори ра-ис ва ба ҷояш омада нишаста пиёларо даст гирифт.— Медонӣ, Раҷаб, чаро туро даъват кардем?
— Ман гумон доштам ки аз хусуси кор гап меза-нем...
— Ту гуфтан мехоҳӣ, ки дар тахминат хато кардай? Шояд. Он чи ки ман низ интизор будам бар наомад. — Ҳаким-ого пиёларо монда қалами калони сурхро ба дасту андешаманд рӯи миз так-так задан гирифт. Баъд бо мулоҳиза гап оғоз кард: — Мегӯянд, ки ту Ойяро азоб медиҳӣ, Раҷаб. Маҳз барои ҳамин туро чеғ задам. Шояд дахл кардани раис ба зиндагии оилавии колхоз-чиён шарт ҳам набусад, лекин ту маро дуруст фаҳм, ки хоҷагиамон чандон калон нест, тамоми Гочук чун дар кафи даст намоён. Аз ин рӯ, кӣ чӣ тавр зиндагӣ мекунад барои ман бетафовут нест...
— Ҳаким-ого, шояд ин хабарро кадом мунофиқе ба гарази тӯҳмат ба шумо расонида бошад?
Раис боз бо тааҷҷуб ба Раҷаб нигарист.
— Не, бародар, ин ҷо ғайбат ҷо надорад, бонғи ха-тарро мисли ману ту марде мезанад.
— Мард ҳеҷ гоҳ чунин кори пастро намекунад.
— Ва хабари Ойяро ранҷонданат аз марде ба мал расид, ки худро эҳтиром мекунад ва ману ту низ эҳти-ромашро ба ҷо меорем.
— Марди худашро эҳтиром кунанда аввал бо ман бояд маслиҳат мекард баъд ин ҷо бо мо нишаста...

пешина
аз 328
навбатӣ