Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Аммо Оя хомӯш буд, то даме ки Ҳаким-ого ин суханонро нагуфт:
— Духтарам, ҳеҷ кас аз аҳли деҳ ба шумоён бадӣ кардани нест, онҳо ки ҳоли туро мебинанд, фақат некӣ кардан мехоҳанд...
Ояро дигар тоқат намэнд:
— Дурӯғ, ҳама гапҳои Еламан дурӯганд, Ҳаким-ога! Тӯҳмати рӯйрост. Ҳамааш хуб, зиндагиамон нағз аст. Агар Шумо ба суханони тӯҳматчиён бовар кунед...
— Пас ман ҳам тӯҳматчиам? — норозӣёна ба Оя нигарист Ҳаким-ого.
— Намедонам, — сар набардошта посух дод Оя.
Рансро ханда омад, вале барои он ки табассумашро набинанд бо рӯймолча даҳонашро пинҳон дошт.
— Ҳа-а, — раис ҷуфти ҷавону зебои наздаш нишастаро аз назар гузаронд. «Чӣ хел ба ҳам муносиб афтодаанд, ҳайф агар ҷудо шаванд» — аз дил гузаронд вай ва ба суханонаш идома дод: — Тӯҳмат мегӯӣ, о, тӯҳмат ҳам ягон заминае доштагист. Одамон чаро беҳуда гап мезананд? Ту, Раҷаб, фаромӯш накун, ки иштирокчи ҷангу коммунистӣ ва бояд намунаи ибрати аҳли деҳ бошӣ...
Раҷаб суханони раисро бурид:
— Насиҳат кардан осон. Чӣ, ҷанговару коммунистон одам нестанд? Барои дигаронро насиҳат кардан аз онҳо ҳирадмандтар бояд буд.
Ҳаким-ого аз шартакигӯиҳои Раҷаб дасту по хӯрд! То ҳамин вақт касе аз колхозчиён ба рӯяш давидаю чунин гапгардонӣ накарда буд. Вай ба Ояи суп-сурхшудаю сархам нишаста ва Раҷаби бадкахру чун аспи навомӯхт саркашу гарданнадиҳанда нигариста оҳиста гуфт:
— Дар ҳақиқат аҳволи ту он қадар хуб набудааст, Раҷаб. Чӣ илоч, маҷбурам аз хусуси ту ба котиби райком гуфтугӯ кунам, ба якумаш.
Вай аз рӯи миз кӯлоҳи маҷаку рангпаридаро гирифта то болои абрувони ғафсаш ба сар кашида бо қадамҳои калон аз кабинет баромад. Ояю Раҷаб аз ҷой начунбиданд.
Ҳаким-ого рафтори Раҷабро ба котиби аввали райком мегӯям гуфту Оя қарорро якбора гум кард. Бе ин ҳам хуру хоб надошт пас аз шунидани ин суханҳо батамом

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё