Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
айёрӣ накун! Ва дар хотир дор, ки ӯ фақат дар ғами ҷони ту нест.
— Хайр, дар ғами кӣ будааст?
— Курсияш! Ана фаҳмидӣ? Ва шарафу номус...
Инаш дигар чиз! Агар ғами туро мехӯрд, номусатро ҳифз мекард, агар не... Чунин панд додан ба ҳама осон аст. Панд додиву худро ба канор кашидӣ. Кайҳо боз дар канор будӣ, кайҳо.
— Охир ба ман чӣ, оё як умр ҳамин хел дастнигар мебудам? Ман, агар донистан хоҳӣ...
— Ӯ боз «ман» мегӯяд... — Отамурод чашм ало карда чолокона худро болои зин гирифт. Пойашро ба узангу андохта буд, ки асп беқарор шуд. — Агар мурдам, дар мотамам нааё... Ч-чу, рафтем ҷонвар!..
Не, то ҳанӯз амаки Отамуродро касе чунин хашмин надида буд. Ӯ бо дастони ларзону овози баланди хаёле гиряолудаш ба Отамуроди пештара шабоҳат надошт...
Наход, ки дигар наояд ва мӯйҳои ӯро бо панҷаҳояш парешон накунад: «Охо, бинед чӣ қадар дароз шудааст!
Метарошем ё не...» Наход, ки дигар аспашро барои саворӣ надиҳад ва ҷонварро дар дарвозаи онҳо оббозӣ надоронад. Наход, ки дигар дастони шахшӯлу нарми ба дастони падар монандашро ба китфони ӯ нагузораду ӯро ларзонда ҳушёр накунад? Хеле таассуфовар буд, ки ҷанҷоли бемавриде модару тағояшро аз ҳамдигар норозӣ мекард. Аз падараш-ку ҷон гила ҳам набуд,— миёни ӯву хешовандон дигар бегонагӣ ҳукмфармо хоҳад буд. Ана тағоям Отамурод ҳам рафту шояд ҳаргиз барнагардад. Калонсолон, ки ҷанҷол карданд дигар то дергоҳ, ҳатто як умр ҳамдигарро намебахшанд,— онҳо кӯдак нестанд-ку.
Садои охирини суми асп ҳам дар хомӯшии субҳидам фӯрӯ рафт ва ӯ нирӯе бар тан гирифта, ба модараш нигарист ва аз он, ки ӯ дод зада гиря мекард, тарсид...
Модараш хомӯш ашки чашмонашро пок карда ба гарди сабуки тирамоҳии аз пушти суми асп бархоста нигарист. Бо диданаш раҳми кас меомад, зеро ҷудоӣ аз ёру дӯст азоби алим буд...
— Ана офтоб ҳам,— гуфт ӯ, то ки хомӯширо шиканад ва модарашро аз қайди гиря вораҳонад. Модар фаҳмиду бо меҳр, бо чашмони намзада, ба вай нигарист ва табассум кард.
— Хайр вақти баромадаш... Ман хубии корро мехоҳам. Ана мебинӣ ҳамааш хуб мешавад. Хуб мешавад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё