Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
бирав! Ва фаромӯш накун, ки момаи Огулсапдӣ ҳамеша ҷонибдори туст... Ҳо ана он хонаи фақирона аз они ман аст: биё. Агар модари ту ақл медошт... ҷои зисташро дигар наёфт чӣ... вале намедонам, намедонам. Дунё беканор аст; аз хатои худ ба куҷо ҳам мегурезӣ...
Ва бо ҳамин суханон ғурғуркунон сар ҷунбонда гоҳ аз нодонии инсону гоҳ аз замонаи бад нолону нолон рафт.
Аммо ҳозир куҷои замонҳои бад бошанд, намефаҳмид Пӯлод, ки ба пушти кӯзи ӯ менигарист: ба душманон ғолиб омадем, ҳаёти нав оғоз шуд... Зиндагӣ беҳтар шуд; зиндагӣ гул-гул мешукуфад — бобои Сталин чунин мегӯяд. Умуман ҳар хел, ки будем ҳамон хел зиндагиро идома хоҳем дод, — охир мо ғалаба кардем-ку!
Ӯ дар мактаб ошноҳои бисёре пайдо кард, ҳарчанд ки бе ягон гиру дор намешуд. Масалан дирӯз ҳангоми танаффӯс, вақте ки ҳама ба берун баромаданд, як бача давида омаду ба сари Илхон дод зад: «Илхон калхон!» ва ба пешонааш як ҳепӯк зад. Илхон ҳатто аз тарс дар ҷояш нишасту ба он бачаи шум аз зери дастонаш нигарист... Пӯлод бошад издиҳомро ба ду тараф тела дода худро дар он миён зад.
— Ту... ту чӣ мекунӣ?! — бо овози ларзону изтироболуд дод зад ӯ. — Ӯ чӣ гуноҳ дорад?
— Сазои ин кал ҳамин аст! — шоду мағрурона ҷавоб дод ӯ. — Агар худат ҳам кал мебудӣ, сазоят чунин буд... Чӣ, ту ҳам мехоҳӣ?..
Ва пеш омаду хост, ки ба пешонаи ӯ ҳам ҳӯпоке фурорад. Пӯлод ба пояш ҳалуке андохту ӯро аз китфонаш ба қафо тела дод. Озордиҳандаи Илхон як даст афшонду қафонокӣ болои замини сумзада афтид. Хайр, ӯ аз куҷо медонист, ки дар Гочук ягон ҳамсинфаш ба ин шербача, яъне Пӯлод сарбасар шуда наметавонист. Ҳама галогула сар доданд, яке ҳақорат медоду дигаре Пӯлодро таҳсин мегуфт. Дар ҳамин асно як бачаи логару кадбаланд, ки дар лаби болояш аллакай доғ дошт, қалавида-қалавида пеши Пӯлод пайдо шуд.
— Эй саратро эҳтиёт кун... — гуфт касе ба Пӯлод аз миёни издиҳом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё