Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
гуфт модараш, ки аз чашмонаш нури ғазаб меборид.— Шумо ба куҷо тайёрӣ мебинед?
Ин савол барои муаллима ногаҳонӣ буд, ки ранги рӯяш париду рухсораҳояш сурх шуданд.
— Ба ҳаққи худо, Нортоҷ, чаро ту чунин фикр мекунӣ... Мо он ҷо ба мактаб...
— Он ҷо ба мактаб дар худи мактаб гап занед. Ва хуб мешуд агар худат мезодӣ, баъд тарбия мекардию маслиҳат медодӣ...
— Мезоям! — ногаҳ ба шӯр омад Холбика, ки аз гуфтан Нортоҷ аламаш кард. Ва аз будани Пӯлод шармаш омаду ба ӯ як нигоҳи парешонҳолона карда боз ҳам суханашро қатъӣ такрор кард: — Мезоям, агар ту инро мехоҳӣ...
— Ана ҳамин тур, зодан гир,— бо рашку ғазаб такрор кард модараш ва ба Пӯлод, ки вақтҳои охир худро аз ӯ канор мегирифт, имон сар кард:
— Рафтем, ба ман ёрӣ деҳ...
Пӯлод норозӣёна китф дар ҳам кашида аз паси ӯ рафт. Бори аввал буд, ки муаллимаашро чунин шӯридаву барошуфта медид... Бале, хуб кард, ки ба модараш чунин ҷавоб гардонд, бигузор ба ҳар хор олуда набошад. Ва худаш аз он меандешид, ки фардо аз субҳ чӣ гуна ба шаҳр хоҳанд рафт. Илхон ин сирро пеши касе нахоҳад гуфт ва Пӯлод ҳам ба ин боварӣ комил дошт; танҳо ӯро огоҳ кардан лозим буду халос. Хайр, хоҳу нохоҳ хоҳанд фаҳмид — аммо бигзор фаҳманд, ҳеҷ гапе набудааст. Маориф, барои овардани китобҳо, рафтаанду халос. Мехост, ки барои падараш тӯҳфае барад, аммо чӣ? Ва ҳамоно ба ёд овард, ки дар қуттии қоғазини Илхон, ки он ҷо ҳама чизҳояшро нигоҳ медошт, чубуки сиёҳи сохташ номаълумеро дида буд. Хо, ана чиро ба падараш бояд тӯҳфа барад! Ва ҳар вақт, ки аз он дуд мекашад, ӯро — Пӯлодрову... ба хотир хоҳад овард.
Бегоҳ, вақте дар гӯшае бо ҳам нишастанд, Пӯлод бо гӯшакӣ ба ӯ фаҳмонд, ки чубукро бо ҳарчӣ, ки хоҳад иваз кунад. Аҷибаш ин буд, ки барои ивази он чизе надошт, ба ҷуз як дона дафтари тозаву ягонаву камёфташ ва ҳамчунин як қалами кӯтоҳшуда...
— Хайр, ту онро чӣ мекунӣ? — бо гӯшакӣ пурсид Илхон, ки гумон мекард чизи хуберо хоҳад ба даст овард.
— Хайр, лозим шудааст... ба инаш кори ту набусад.
Иваз мекунем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё