Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

зимистон ӯ дар симон писараш балогатро эҳсос мекард: овози баланду ҳам мардона, канораҷӯиву ҳам ингоҳхон ҷавонмардона... Ӯ дар навбати аввал бо писараш читур муросо карданашро намедонист. Ҳар он чӣ, ки тайи ҳафтаи гузашта рух дода буд писарашро аз ӯ дур мекарду дур, риштаи меҳру муҳаббати ҳамешагиашонро канда буд, ки ӯ то кунун сабабашро намефаҳмид. Не, балки аз пештара бештар мефаҳмид, ки ақли занонааш дар ин танҳоӣ чунон коста шудааст ва дигар машварати ягон дӯсти наздик ба кӯмакаш намерасад. Машварат бо Ялкоп ҳам беҳуда буд. Ӯ медонист, ки Ялкоп бо ҳама серталабиву сахтгирияш нисбати оила, ки боиси тафохури Норточ буд, на бо аклу на аз рӯи меҳрубонӣ бо ӯ, бо чунин хислаташ мусоҳиб шуда наметавонист. Бо Холбика, ки вақтҳои охир нисбати Пӯлод бомеҳру муҳаббат буд, рӯирост сӯҳбат кардан мумкин буд, аммо шояд барои чунин алоқамандӣ буд, ки Норточ бо ӯ аз рӯи рағбат гап мезад... Не, ҳама кор бояд, аммо на ин. Норточ ҳаргиз худашро пеши ин магрурдухтари хомӯшак паст намезанад: «Мезоям!...» Зодан гир, хоҳ аз марди аввалине ки дучорат меояд. Аз ин ба ман чизе намерасад!

Аммо Нуркулӣ... Чӣ, Нуркулӣ?

Тайи рӯзгори охир ин савол ӯро бештар ошуфтаҳотир мекард ва ҳатто бесарусомониҳои оилаи наваш ҳам дар назараш ҳеҷ менамуданд. Ӯ дигар хаёл ҳам карда наметавонист, ки дар бораи шӯи аввалу ҳама он чие, ки бар ишон рух менамуд, фикр накунад. Ҳаёти нави ӯ ба он тариқ, ки аз рӯи орзуяш як солу се моҳ қабл бо завқ дар аробаи сабз анҷомашро бор карда буд, шабаҳате надошт. Шӯи наваш оне набуд, ки ҳамеша ӯро дар паҳлӯяш дидан мехост ва зиндагии ин деҳани ноошно чандон ба муроди дилаш ҳам набуд. Аммо Нуркулӣ...

Не, оқибат ӯ ба хулосае омад, ки бигузор ҳама ба асли худ монад. Агар гузашта ҷӯӣ гузашта аён бошад, беҳтар аз он пешомадҳои наве ки саропо дард буда, ӯро ҳамеша афгор медоранд... Вале барои ин таассуф дер шуда буд ва ба ҷои ин беҳудагӣ дар ниҳоди ӯ кадом изтиробе мезист, ҳатто ранҷиши нисбат ба Нурқулӣ доштаашро ҳам андеша намекард: Худаш ки бе ягон муқобилат ҳамаро бахшид... ана, бигузор дигар чун хари гушна дар он ҳавлии холӣ ҳангос занад! Бигузор акнун фаҳмад, ки танҳоӣ чӣ қимате дорад, чунон ки

пешина
аз 328
навбатӣ