Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
ПЕШГУФТОР
Аз овони кӯдакӣ хондани китобҳои бадеӣ, алалхусус мутолиаи афсонаву ҳиссаҳои аҷибу шавқоварро дӯст медоштам. Ҳатто ёд дорам, ки падарам аз бисёр хондани ман хавотир шуда, баъзе шабҳо таъкид мекард, ки барвақттар хоб равам. Бо чашмони пӯшидаю дили бедор лаҳзаи гуворою ба хоби ғафлат рафтани падарамро мепоидам. Баъди хоби ӯ бесадо хеста пилтаи чароғи керосиниро баланд мекардаму бо дили пуризтироб давоми воқеаҳои ҳаяҷонангези китоби нотамомро баъзан то дами субҳ мехондам. Ва одати доимии хондан дар сириштам он қадар нишаста буд, ки хумори ёфтани китоби наву шавқовар маро ором намегузошт.
Аз қазо қиссае аз ишқи Шоҳҷаҳон ва маҳбубаи ӯ Мумтозмаҳал ба дастам афтод, ки хеле мухтасар буда, маҳз ба хотираи ҳамсари ҷавонмаргаш бунёд намудани ёдгории Тоҷмаҳалро таъкид мекард ва онро чун мӯъҷизаи нотакрори олам тавсиф менамуд. Дертар қисмат маро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оварду ба Китобхонаи Фирдавсӣ роҳ ёфта, оид ба мақбараи беамсоли Тоҷмаҳал ва қисмати шигифтангези Шоҳҷаҳон маводи ҷолибе мутолиа кардам. Ва бароям аён шуд, ки Тоҷмаҳал бо ҳама шукӯҳу зебоияш ба шумори Ҳафт мӯъҷизаи олам шомил набудааст.
Вале Ҳафт мӯъҷизаи олам кадомҳоянд, кай ва дар куҷо сохта шудаанд, ҳанӯз бароям торик буд. Аз ҳамсолону устодон низ дар бораи Ҳафт мӯъҷизаи олам касе маълумоти саҳеҳ надошт. Баъзе холдонҳо Аҳромҳои Мисри Қадим, Боғи муаллақи Бобурому мебурданд ва мегуфтанд, ки охирин мӯъҷизаи олам Манораи Эйфели Париж мебошад. Аз китобҳои таърихи аҳди қадим низ дар боби Ҳафт мӯъҷизаи олам ба ғайр аз ишораҳои ҷузъӣ ё сабти номи баъзе мӯъҷизаҳо маълумоти кофие дастрасам намегардид.
Дар арафаи хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шавки ҳаматарафа омӯхтани бахши эстетика ва зебоишиносӣ дар вуҷудам боло гирифту соатҳои дароз дар китобхона нишаста, ба мутолиаи «Таърихи умумиҷаҳонии санъат», «Таърихи умумиҷаҳонии меъморӣ», инчунин китобҳои ҷудогона оид ба таърихи Мисри Қадим, таърихи Бобулистон, таърихи Эрон, таърихи Юнону Рим пардохтам. Ва соли 1972 дар асоси маводи таърихӣ ва сурату мусаввараҳои сершумор бо номи «Посбони абадият» дар бораи нахустин мӯъҷизаи олам - Аҳромҳои Мисри қадим намоишномае барои телевизиони тоҷик таҳия кардам.
Намоишнома аз ҷониби раёсати телевизион ва кормандони он баҳои муносиб гирифт ва дере нагузашта маро ба бахши намоишҳои адабию драмавии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони тоҷик ба кор даъват намуданд. Дар тӯли якчанд соли кор аз муҳимтарин ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои қадимаи ниёғони тоҷикон - Бухоро, Самарқанд, Хева ва Балх намоишномаҳо таҳия сохтам. Сипас аз осори меъморӣ ва дастовардҳои санъати қадимтарини шаҳрҳои кишвари Ғарб - Афина, Рим, Константинопол, Париж ва ғайра барномаҳои телевизионӣ омода намуда, ба таърихи санъати аҳди атиқа, асрҳои миёна ва давраи эҳёи Аврупо алоқадри ҳол ошно гаштам. Бароям аён гардид, ки аз Ҳафт мӯъҷизаи олам шаш-тоаш дар сарзамини Шарқ воқеъ буда, ҳамагӣ яктоаш дар шаҳри Афинаи Юнон ҷой доштааст.
Нахустин бор ибораи «Мӯъҷизаи олам»-ро дар тавсифи Аҳромҳои Мисри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё