Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Қадим, Боғи муаллақи Бобул, Маъбади Артемидаи шаҳри Эфес, Оромгоҳи Мавсоли шаҳри Галикарнаси Осиёи Сағир муаррихону воқеанигорони Юнони Қадим - Геродот, Ктесий, Страбон, Диодор, Ветрувий, Павсаний ва дигарон истифода бурдаанд ва ин мафҳум аз ҷониби меъморону ҳайкалтарошон ва санъатшиносии аҳди атика ва давраи эллинизм пазируфта шуд.
Ногуфта намонад, ки тамаддуни башарӣ дар тӯли асрҳои бешумор ёдгориҳои меъмории беамсол ва мӯъҷизаҳои нотакрори оламшумуле офаридааст, ки шумораашон аз ҳафт даҳчанд афзун аст. Валечӣ чӣ метавон кард, ки аз миёни садҳо ёдгориҳои меъмории тамаддуни башарӣ аҳли назар ва хиради дунёи қадим, алалхусус ҳакимону санъатшиносони юнонӣ беамсолтарин, нодиртарин ва мӯҳташамтарини ёдгориҳои меъморию санъати нафисаро интихоб намуда, бо номи «Ҳафт мӯъҷизаи олам» эътироф кардаанд. Таърихи пайдоиши ин ёдгориҳои меъморӣ тақрибан 3 ҳазор солро фаро гирифта, охирин ёдгории он - Бурҷи (Минои) Искандария дар асри 3 то солшумории мелоди Масеҳ бунёд шудааст. Ва агар аз фосилаи имрӯз назар кунем, моро аз бунёди нахустин мӯъҷизаи олам - Аҳромҳои Мисри қадим тақрибан панҷ ҳазор сол ва аз бунёди охирин мӯъҷиза - Бурҷи Искандария ду ҳазору ду саду ҳаштод сол ҷудо мекунад. Пас чӣ гуна метавон ба ёдгориҳои писандида ва эътирофнамудаи бузургони аҳди куҳан, ки имрӯз аз онҳо бидуни Аҳромҳои Мисри Қадим осоре намондааст, эътироз ё хурдагирӣ намуд. Ҳарчанд бисёр шоҳкориҳои осори меъморӣ ва санъати нафисаи аҳди қадим - амсоли Тахти Ҷамшеди Эрон, Оташкадаҳои Зардушт, Садди бузурги Чин, Қасри Мадоин ва ғайра аз шумори ин мӯъҷизаҳо берун мондаанд.
Ҳар кадом аз «Ҳафт мӯъҷизаи олам» ҳар кадом маҳсули ақли даҳоёни эҷодкори бузургест, ки ба пешрафти тамаддуни башарӣ мусоидат намуда, дар тӯли асрҳо боиси ифтихори мардуми сарзамини Осиё будааст. Азбаски чанде аз мӯъҷизаҳои оламгири Осиёи Сағир бо таърихи давлатдории Ҳаҳоманишиён, Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён иртибот дошт, овардани баъзе тафсилоти таърихиро мувофиқи матлаб шумордем.
Дар айни ҳол муаллиф ба сарчашмаҳои таърихӣ, тадқиқоти бостоншиносӣ ва комусномаҳои соҳаи санъату меъморӣ такя намуда, бисёр далелҳову афкори дақиқро аз сарчашмаи мӯътамад - китоби «Аз қаъри асрҳо»-и А.Домашнев ва Т.Дроздова (1985) овардааст. Ва аслан бояд иқрор шуд, ки китоби номбурда манбаи илҳом ва роҳбалади воқеие дар нигориши «Ҳафт мӯъҷизаи олам» гардида, дар кушодани бисёр гиреҳҳои таърихӣ ба муаллиф кӯмак намуд.
Ва агар дар нигориши зиёдаравӣ ё кӯтоҳие роҳ ёфта бошад, зимнан ба он хотир аст, ки хонандаи азиз шароити таърихӣ, муҳити офариниш, ҷараёни кор ва тимсоли воқеии ёдгориҳои кайҳо аз миён рафтаро хаёлан бинад ё лоақал тасаввур карда тавонад. Табиист, ки нигориши рӯи варак овардани тимсоли ёдгориҳои аҳди куҳан кори бенуксону холӣ аз ҷурм нахоҳад буд. Бинобар ин аз хонандагони сахтгиру нуктасанҷ таманнои онро дорем, ки андешаю дархостҳои хешро ба унвони муаллиф ирсол намоянд.
Бо арзу эҳтиром, Бароти Абдураҳмон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё