Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
ҳарсангҳои бузург басо оддӣ буд. Ҳунармандон дар оғози кор ҳарсангҳоро дар тани шах ё ҳарсанги яклухт интихоб намуда, аввал аз ягон гӯшааш таркише мекушоданд. Сипас ба таркиш фонаҳои чӯбини махсусро зада, дар вақту соатҳои муайян ба тани фона об мерехтанд. Фонаҳои чӯбин, ки дар ҷойҳои муайяни таркиши санг устувор буданд, аз нами варамида сангро мекафонданд. Сипас санги кафидаро аз ҳарсанги бузург ҷудо намуда, бо олоти мисин тарошидаву қадре суфта мекарданд. Ниҳоят сангҳои қадре суфтаро бо мадади ғулааробаҳо то роҳи пур аз регу шағалҳои гуногун меоварданд. Ҳангоми кашидану ғелонидану совидани устокорона таҳти санг хурда мешуд ва қираву дуруштиҳояшро бо олотҳои хоса суфта мекарданд. Ва бояд иқрор кард, ки тамоми ҷараёни кор ва олоту асбоби корбасти тахтасангҳо бароямон то кунун чандон равшан нест. Меъморому муҳандисон аз усули кашонидан, тарошидан, совидан ва рӯиҳам чидани тахтасангҳои хурду калон то кунун тахмин мезананд.
Аҳромҳои мӯъҷизавӣ дар нигоҳи аввал кӯҳтеппаҳои яклухти сангинеро монанд, ки дари даромад надоранд. Дар ҳамаи тарафҳои аҳром тахтасангҳои андозааш якхела устувор буда, истеҳкоми сангинеро ба хотир меорад, ки даромадгоҳашро ёфтан муяссар намегардад. Вале аслан дар яке аз рӯяҳои аҳром болотар
Сангҳои аҳроми Хеопс.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё