Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
мегардад. Ҳазорон ғулом аз соҳилҳои рӯди Фурот харсангҳои хурду бузургро кашонида, тарҳи хомакии кӯҳтеппаеро меофа-ранд, ки ба қавли муаррихи юнонӣ Диодор он сатҳи чоркунҷаи нишебрӯ дошта, баландиаш қариб ба 130 м ва масоҳати умумиаш ба 15 ҳазор метри мураббаъ мерасид.
Боғи Муаллақ болои чор қабат айвонҳои бузурги зинаосо, ки аз девораи кӯҳтеппа сар шуда, бар силсилаи сутунҳои мустаҳкам такя дошт (баландии сутунҳо тақрибан 27 м), бунёд гардид. Ҳунармандрому меъморон болои айвонҳоро бо тахтасангҳои мусаттаҳи яклухт пӯшонида, аз рӯи он як қабат қиру маводи обно-гузар кашиданд. Сипас ду қабат хишти пухта чида, ба рӯяш гаҷ ловиданд ва аз болои хишту гаҷ барои нигоҳ доштани обу намии як қабат тахтасурб (кӯрғошим) кашиданд. Аз болои ҳамаи ин ба рӯи зинаайвонҳо қабати ғафси хоки замини ҳосилхезро рехтанд, то ки дарахтони бузург ба осонӣ реша давонанду бисабзанд.
Боғи муаллақ басо зебову дилфиреб буд ва водии сабзу муат-тарро аз зодгоҳи малика Амухеан ба ёд меовард. Гӯё дар фарози кӯҳе як боғи мӯҳташам бо дарахтони сояафкан доман густурда,
Даромадгоҳи Боғи муаллақ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё