Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ки ӯро Селевки I бо ҳидояту амри Искандари Мақдунӣ ба занӣ пазируфта буд.

Акнун дар сояи дарахтҳои ҳамешасабзи Боғи Муаллақ маликабону Апама бо писари хурдсолаш Антиох гардиш менамуду вориси ояндаи давлати Селевкиён ба камол мерасид. Мувофиқи ривояти таърихнигор Аппиан Селевки I ба хотири тахти васояти худ нигоҳ доштани Бохтар, Суғд, Марғиён ва Парфия баъди си соли марги Искандар писараш Антиохро соли 293 то милод ба худ шарики ҳокимият ва шоҳаншоҳи қаламрави шарқии мамлакат эълон мекунад. Барои Антиох, ки набераи Спитамен, писари қонунии духтари ӯ Апама ва Селевки Мақдунӣ буд, сарзамини Осиёи Миёна кишвари аҷдодӣ ҳисоб мешуд.

Баъди суст шудани иқтидори Селевкиён шаҳри Бобулро Ашкониёни Порт забт намуда, рақобати онҳо бо империяи тавонои Рим авҷ мегирад. Қайсарону сарлашкарони Рим дар муомилоти тиҷоратии Роҳи Бузурги Абрешим, ки миёни Чин ва кишварҳои Баҳри Миёназамин тӯл кашида буд, нуфузи зиёд доштани портҳоро бахшида наметавонистанд. Ва бар асари задухӯрдҳои шадиди миёни Рим ва Порт, ки чандин даҳсолаҳо идома ёфтааст, шаҳри Бобул бо қасрҳои пуршукӯҳу Боғи Муаллақи овозадораш хароб мешуд.

Охирин зарбаи нестиро ба шаҳри овозадори Бобул соли 126 то милод давлати портҳо дар аҳди Митридоти I ва ворисони ӯ заданд. Бар асари ин ҷангҳои беамону харобкориҳои гӯшношунид, сӯхтори бузурге сар зада, манораи овозадори Этемананки ва Боғи Муаллакро ба хок яксон намуду боз як мӯъҷизаи нотакроре аз арсаи олам бебозгашт рафт.

Деворҳои шаҳри Бобули имрӯза дар Ироқ (соли 2005).

пешина
аз 84
навбатӣ