Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

бохт. Киштиҳои тоҷирон акнун ба Эфес аҳён-аҳён меомаданд ва савдогарон молу матои хешро аз соҳили баҳри пурлой бо ҳазор машаққат ба бозор мерасонданд.

Овозаи сарвату боигарӣ ва ҷоҳу ҷалоли афсонаосои Маъбади Артемида нафси аҷнабиён ва истилогаронро ба хурӯҷ меовард. Соли 263 милодӣ қабоили ваҳшии готҳо шаҳри Эфесро забт намуда, Маъбади Артемидаро ба ғорат бурданд. Пайравони аҳли салиби Византия низ аз ғояти ҷаҳолати динӣ ҳайкалу муҷассамаҳоро пора карданд, осори санъати нафиса ва нақшу нигори беназири маъбадро хароб намуданд ва ба ҷои вайронаҳои он ибодатхонае сохтанд. Ниҳоят, туркҳои усмонӣ низ ба ин сарзамин роҳ ёфта, дар а.15 ҷумлаи боқимондаи Маъбади Артемидаро ба хок яксон намуданд.

Оқибат Маъбади Артемида – сеюмин мӯъҷизаи олам зимни кашмакаши диндорони мутаассибу сарватталабон ба боди фано рафт. Аз он ёдгории беамсоли қарнҳои дур то аҳди мо шикастпораҳои шоҳсутун ҳайкалҳо ва ривоятҳои сершуморе мондаанду бас.

Амсилаи маъбади Артемида дар боғи миниатюраи Истамбул.

пешина
аз 84
навбатӣ