Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

лашкари Фравартиро хеле бисёр куштам... Пас аз он Фраварти бо каме аз саворон гурехта ба Рага ном вилояти Мод рафт. Пас ман аз дунболи ӯ лашкар фиристодам. Фраварти дастгир шуд ва ба назди ман оварда шуд. Ман ҳам бинӣ, ҳам ҳарду гӯш, ҳам забонашро буридам ва як чашмашро кандам. Ӯ баста дар назди дарвозаи ман нигоҳ дошта мешуд. Мардум ҳама ӯро диданд. Пас аз он ӯро дар Ҳамадон ба дор кашидам ва мардонеро наздикони беҳтарини ӯ буданд, онҳоро дар Ҳамадон ба қалъа овехтам».

Нақши барҷастаи Дорои I дар Персеполис.

Гектомн ғайр аз катибаҳои Бесутун боз ҳоли забуни рақибони Дороро дар муҷассамаҳои Тахти Ҷамшед ва деворнигораҳои Нақши Рустам хуб дар ёд дошт ва медонист, ки Дорои ҷаҳонгир ба осиёну ошӯбгарон заррае шафқат намекунад.

Қаламрави Доро он қадар бузургу паҳновар буд, ки аз як тарафаш офтоб сар мекашиду дар тарафи дигараш фурӯ мерафт. Аз сарзамини Кӯш (Ҳабашистон), Миср, Бобул, Порт то Хоразм, Бохтар, Суғд ва паҳноҳои Ҳинд аз давлатҳои юнонии Осиёи Сағир то канораҳои Хазару дашти Қипчоқ тӯл мекашид. Мувофиқи ахбори Ҳеродот дар аҳди Дорои I шумораи вилоятҳо, ки ҳар кадом як халқияту давлати бузургро муттаҳид мекард, ба 22 расида буд, ки сокинони онҳо бо 55 забони гуногун ҳарф мезаданд. Ва вилояти Кария дар қиёси онҳо як кишвари хурду назарногир ба қашшоқе ба шумор мерафт.

Гектомн ҳарчанд марди пухтаву ботадбир буд ва тариқи сулҳу салоҳро меписандид, намедонист аз тангии ҳол чӣ чора андешад. Ӯ аз рӯи салоҳияти хеш шахси аввалини кишвар буда,

пешина
аз 84
навбатӣ