Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
кишварҳои бешумори қаламрави Ҳахоманишиёнро паси ҳам забт намуда, ба Персепол ё худ Тахти Ҷамшед наздик мерасид. Дар шаҳри Шуш ӯ қисми хизонаи шоҳони Форсро ба даст овард (ба қавли муаррихон Диодор, Курсий Руф, Арриан ва Плутарх тахминан 1310 т. нуқраи холис, қариб 1000 т. тилло ва қариб 250 т. сиққа) ва азми дар тахту тоҷи аҷдодии шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ нишастан дар замираш боло гирифт. Арриан ва Курсий Руф ривоят мекунанд, ки чун Искандар ба тахти Доро нишаст, пояи тахт баландӣ кард ва пойҳои ӯ ба фарш нарасид. Хизматгоронаш ба зери пои ӯ мизи зарандудеро оварда ниҳоданд. Хоҷасаройи Доро аз дидани ин ҳол ба гиря пардохт. Сабаб пурсиданд. Гуфт: тоқати дидани ин манзараро надорам, зеро дар мизи зери поии шоҳи ғолиб Дорои олампаноҳ - хӯрок мехӯрд.
Тахти Ҷамшед ҳам оқибат тасхир шуд ва Искандари Мақдунӣ баъди чанде сару либоси шоҳоии форсиёнро дар бар намуда, аз ҷониби мӯбади мӯбадон ва дигар ашрофони Форс шоҳаншоҳи қонунии қаламрави Ҳахоманишиён эътироф гардид. Ғанимате, ки Искандар аз таҳхонаҳои хазинаи шоҳӣ дар Тахти Ҷамшед ба даст овард, ба ақл намеғунҷид. Ӯ ҷумлаи ин ғаниматҳоро ба 5 ҳазор гардуна, 10 ҳазор уштур ва 20 ҳазор аспу хачир бор карда, сӯи Мақдуния равон намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё