Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих

САРСУХАН

9 май соли 1990 халқи советӣ, меҳнаткашони мамлакатҳои иттиҳоди социалистӣ, тамоми одамони нек-иродаи ҷаҳон 45-солагии Ғалабаи бузургро бар фашизми гитлерӣ, ки несту нобуд кардани аввалин дар дунё давлати социалистӣ ва ҳукмрони ҷаҳон шуданро мақсади худ қарор дода буд, ҷашн мегиранд.

Солҳои ҷанг ҳар қадар аз мо дур шаванд, корнамоии халқи советӣ дар муборизаи шадиди зидди фашизм ҳамон қадар барҷастатар ва аёнтар мегардад. Бинобар ин иди Ғалаба бар Германияи гитлерӣ ҳамеша яке аз воқеаҳои ҳаяҷонбахшу фаромӯшношудании таърихи Давлати Советӣ, таърихи муборизаи халқи мо барои тантанаи коммунизм хоҳад буд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ санҷиши сахттарини пойдории сохти ҷамъиятӣ ва давлатии СССР, задухӯрди аз ҷиҳати миқсьё ва оқибатҳои социалиаш беҳамтои ду системаи ба ҳам муқобил — социализм ва капитализм буд. «Ғалабаи Иттифоқи Советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бартариҳои социализм, имкониятҳои бузурги иқтисодӣ, социалию сиёсӣ ва маънавии онро пурра нишон дод. Вай ғалабаи Давлати Советии барпокардаи Ленини кабир, сохти пешқадамтарини ҷамъиятӣ, системаи иқтисодии социалистӣ буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ ягонагии матини партия ва халқ, иттифоқи мустаҳками синфи коргар, деҳқонони колхозӣ ва интеллигенцияи

аз 139
навбатӣ