Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
меҳнаткаш, дӯстию бародарии халқҳои СССР-ро ба таври эътимодбахш намоиш дод»1.
Иттифоқи бародаронаи миллатҳои социалистӣ яке аз манбаъҳои асосии ғалаба бар истилогарони фашистӣ гардид. Дар ҷанги зидди душмани ғаддор тақдири Ватани социалистӣ, ояндаи тамоми ҷаҳон ҳал карда мешуд. Бинобар ин, аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳамаи миллату халқиятҳои СССР чун як тан ба муҳофизати Ватан бархостанд. Сохти советии социалистӣ худро на фақат ҳамчун шакли беҳтарини тараққиёти миллатҳо, балки ҳамчун шакли мувофиқтарини ташкили ҳамкории халқҳои давлати сермиллат барои музаффарона бурдани ҷанги одилонаи озодихоҳона низ нишон дод.
Сохти ҷамъиятӣ ва давлатии советии социалистӣ барои тараққии иқтисодиёти мамлакат, барои сафарбар кардани тамоми қувва ба иҷрои вазифаҳои душвортарини иқтисодӣ ҳам дар шароити замони осоишта ва ҳам дар давраи ҷанг имкониятҳои беназир фароҳам овард. Ҷанг нишон дод, ки иқтисодиёти Давлати Советӣ назар ба иқтисодиёти давлатҳои капиталистӣ бештар қобили ҳаёт аст. Муҳимтарин манбаи ғалабаи Иттифоқи Советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳамин иборат аст.
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қувваи тавонои ҳаётбахши идеологияи марксистӣ-лениниро нишон дод. Боварии бепоёни меҳнаткашон ба идеалҳои социализм ва муҳаббат нисбат ба Ватан барои чӣ дар фронт ва чӣ дар ақибгоҳ саросар қаҳрамонӣ нишон додан имкониятҳои бузург ба вуҷуд меоварданд.
Одамони советӣ, ки онҳоро Партияи Коммунистӣ тарбия кардааст ва илҳом мебахшад, дар оташи ҷанг
1 Қарори Комитети марказии КПСС «Дар бораи 40-солагии Ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941— 1945». «Правда», 1984, 17 июнь.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё