Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

С. Тараев дар сӯҳбат бо пионерон.

Тараев Сергей Степанович дар ҳайати фронти 2-юми Белоруссия дар рахна намудани хатти мудофиаи душман дар шимоли шаҳри Пултуси мардонавор ҷангида, худро чун командири шуҷоъ ва пурдон нишон дод. Туфайли фармондеҳии дуруст расчёти миномёти ӯ бетанаффус оташ кушода қӯшуни пиёда ва техникаи зиёди душманро нобуд кард ва ба пешрафти қӯшуни пиёдаи мо роҳ кушод.

Дар ин муҳориба шахсан Тараев бо оташи миномёти худ 2 тӯп, як пулемёти станокдор ва 2 пулемёти дастии душманро маҳв намуда, ҳандақи 20-метраи душман ва 20 гитлерчиро нобуд кард. Миномёти ӯ ба

пешина
аз 139
навбатӣ