Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Мо ҳама халқи советӣ пиру барно,
марду зан,
Якдилу якҷону тан ҳастем дар ҳифзи
Ватан».
ФАРМОНКӮЛОВ
Абдуназар
(1922)
Бо мақсади шиносӣ бо марди шуҷову диловар Абдуназар Фармонқулов мо роҳи шаҳри бостонии Ӯротеппаро пеш гирифтем. Сари қадам ба идораи Совети қишлоқ даромадем. Тасодуфан он ҷо бо Абдуназарамак вохӯрдем. Марди баландқомати чорпахлӯ ба корманди масъули Совети қишлоқ чизеро мефаҳмонд: — Мудофиаи гражданӣ муҳимтарин чорабинии замони ҳозира аст, — исрор мекард ӯ.
Қотиби Совети қишлоқ моро ба нишастан таклиф карда нияти омаданамонро пурсид. Мо мақсадамонро гуфтем. Қотив табассуми ширине карду гуфт: ана ҳамин марди паҳлавонҷуссаи сахтирода Абдуназар-амакдия...
Баъди пурсупос аз ӯ хоҳиш намудем, ки дар бораи ҳаёти ҷангию меҳнатии худ нақл кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё