Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
маро водор кард, ки ҳамеша намунаи ибрат бо-шам, ҳамяроқонро ба пеш ҳидоят намоям».
«6 июли соли 1944. Деҳаи Нежинка. Дар яке аз ху-ҷумҳои ҷавобӣ расчёти тӯпи сержанти калон, нишонги-ри тӯп Хоҷамбердиев бо зарбаи нишонрас тӯпи худҳа-ракаткунандаи фашистиро нобуд сохта, беш аз даҳ на-фар фашистонро ба ҷаҳаннам фиристод. Дар ин заду-хӯрдҳои хунин фиристодаи республикаи тоҷикон Игам-бердӣ Хоҷамбердиев корнамоиҳо кард. Бо тавсияи фар-мондеҳи полки 890-уми артиллерӣ подполковник, Поля-ков Игамбердӣ Хоҷамбердиев аз 26 августи соли 1944 бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида меша-вад» 1.
Игамбердӣ дар муҳорибаҳо намунаи шуҷоату қаҳ-рамониҳо нишон медод:
«Шаҳри Померайнии Чехославакия. Беш аз 90 ҳа-зор нафар фашистон ва власовчиён ба муҳосира афто-данд. Қӯшунҳои мо аз чаҳор самт иҳотакунон ба берун омадани онҳо имкон намедоданд. Гитлерчиён кулли усулҳоро ба кор мебурданд.
Вале беҳуда...
Пас аз навбатдорӣ Игамбердӣ мебоист истироҳат мекард. Вале аз чӣ бошад хоб аз дидагонаш парида буд. Манзараҳои дилфиреби деҳи хеш, дӯстону назди-кон паси якдигар аз пеши назар мегузаштанд...
Ин лаҳза пайхас кард, ки гурӯҳе дар ниҳояти эх-тиёт ба анбори лавозимот наздик меояд.
— Оре, фашистҳоянд, — хулоса кард ӯ. — Таъхир на-шояд. Аз оташи пулемёти ӯ чанд тан фашист парӯ хо-бид, дигарон бошанд рӯ ба фирор ниҳоданд.
Ин дам «бонги хатар» ҳам шуду беш аз 850 фа-шистон, ки роҳи халосӣ меҷустанд, асир афтоданд.
1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690153, д. 3436, в. 136.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё