Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ҳиссаи сазовор мегузошт. Ҳуҷҷати архив дар ин бобат чунин далолат мекунад: «Сержанти гвардия, командири отделенияи ротан 109-уми махсуси разведкаи гвардияи дивизияи 128-уми кӯҳии тирандозии Байраки Сурхдори Туркистон Ғоибов Алимурод дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани назорат ҳаракати қӯшунҳои душманро дар мавқеи пеш, ҷанубтар аз маҳалли Вельма Палана муайян кард.
Бо фармони дивизияи 128-уми кӯҳии тирандозии Байраки Сурхдори Туркистон аз 6 ноябри соли 1944 Ғоибов бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида шуд»¹.
Сарбози бебоку Ғоибов кунун таҷрибан калони ҷангӣ ҳосил намуда буд. Дар муҳориба ҳамеша дар сафи аввал меҷангид, аз разведка бо «сайди дилхоҳ» бармегашт. Николай Обухови рус, Булиб Раззоқи туркман, Микола Шаблинскийи украин ҳамқадамоти доимиаш буданд, талхии айёми ҷангро бо ҳам чашидаанд. Бино ба маълумоти яке аз санадҳои расмӣ тоҷикписари далер Алимурод Ғоибов фақат дар як муҳориба аз 13 ҷои баданаш захмдор шуда бошад ҳам, то расидани қисмҳои асосӣ арсаи ҳарбу зарбро тарк накардааст. Инак, далели яке аз ҳуҷҷатҳои архив: «Сержанти гвардия, командири отделенияи ротан 109-уми тирандозии разведкаи гвардия Алимурод Ғоибов дар шароити душвори мудофиаи дарозмуддати душман тавассути назорати ҳамаҷониба нақшаи қисми пеши фронти дивизияи душманро аниқ кашид.
Шаби 3-уми декабри соли 1944 рафиқ Ғоибов дар атрофи маҳалли аҳолинишини Кравяно фашисти назоратчиро асир гирифт, ки мувофиқи маълумоти ӯ мавқеи душман ва нақшаҳои фашистон ошкор гардид. Дар
1 Архиваи марказии Вазорати Мудофиаи СССР. ф. 33. р. 630306, д. 2804, в. 253. 379.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё