Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ҳо — Москва хушхабар расид. Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 26 июни соли 1945 Алимурод Ғоибов бо ордени тиллои Шараф дараҷаи I сарфароз гардонда шуд.
Ҳамин тариқ, фарзанди Тоҷикистони офтобрӯя Алимурод Ғоибов баъди анҷоми музаффаронаи ҷанги зидди фашизми гитлерӣ зодгоҳаш — деҳи Кӯштегирмони ноҳияи Нов баргашт.
Алимурод-амак дар меҳнат низ обрӯю эътибори калон пайдо кард. Ӯ дар вазифаҳои гуногун — раиси колхоз, раиси Совети қишлоқ, сардори бригада, мудири ферма, мудири участкаи колхози «40-солагии Октябрь» кор кард. Дар фронти меҳнат низ ҳамеша пешсаф буд.
Ветерани ҷангу меҳнат Алимурод Ғоибов марди хушбахт буд. Вай 6 фарзанду 22 набера дорад. Алимурод-амак имони комил дошт, ки ҷигаргӯшаҳояш низ чун ӯ марди майдону писанди умум хоҳанд буд.
Ин пири хирадманду родмарди Ватан миёни атрофиён, аз он ҷумла ҷавонон, дарси диловарию меҳнаткаринӣ мехонд. Ӯ дар ҳар боб то рӯзҳои охирини ҳаёташ намунаи ибрат буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё