Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мекард. Вале алҳол қариб нимаи заминҳои муваққатан забтшудаи советӣ, ки беш аз 906000 мураббаъ километрро ташкил мекард, дар тасарруфи фашистон буданд, ки то оғози ҷанг дар ин ҷо 39 млн. аҳолӣ истиқомат дошт1.

«Дар бадали се сол фашистон ба хоҷагии халқи Белоруссия ва мардуми он зарарҳои беҳисобе оварданд. Онҳо муассисаҳои саноатӣ ва киштзорҳои республикаро ваҳшиёна оташ мезаданд. Дар қишлоқҷойҳо гитлерчиён беш аз 12000 ҳазор объектҳои сохтмон, зиёда аз 500 ҳазор сохтмонҳои колхозӣ ва ҷамъиятӣ, 420996 хонаи колхозчиёнро ба хок яксон намуданд, онҳо чорвои ҷамъиятиро пурра нобуд карданд, МТС-ҳоро тороҷ намуданд, захираи лавозимот, хӯрокворӣ ва сӯзишвориро нобуд карданд2.

Дар зарфи се сол гитлерчиёни хунхор қариб 380 ҳазор касро маҷбуран аз Белоруссия ба Германия бадарға карданд, ки бештари онҳо ҷавонону духтарон буданд.

Фиристодаи халқи тоҷик Ҷонбой Қамаров чунин ваҳшонияти фашистонро дидаю шунида ба ғазаб меомад ва нафраташ бештар мешуд. Бояд гуфт, ки саҳми Ҷонбой Қамаров дар озод намудани сарзамини Белоруссия аз қадами нопоки фашистон калон аст. Командири полки 422-уми тирандози подполковник Михайлов дар ин бора чунин менависад:

«Дар ҷангҳои шадид, дар райони Порическии вилояти Полесси автоматчии рораи автоматчиён Ҷонбой Қамаров намунаи ҷасурию далерӣ зоҳир намуд, яке аз аввалинҳо шуда худро ба хандақи душман партофт ва бо оташи автомати худ се фашистро ба ҳалокат ра-

1 Институти марксизм-ленинизм. Ҳуҷҷату материалҳои шӯъбан таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инв. № 9605. саҳ. 39.

2 Архиви партиявии назди КМ ПК Белоруссия. ф. 4, р. 29, д. 521, в. 2-3.

пешина
аз 139
навбатӣ