Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри тантанаи сулҳу осоиши рӯи замин ғалаба ба даст овард».
ГРИГОРЯН
Григорий Аванесович
(1923)
Оилаи ин қаҳрамон дар шаҳри Марии республикаи бародарии Туркманистон мезист. Онҳо 5 бародару як хоҳар буданд. Падарашон дар завод кор мекард. Оилаи аҳлу тифоқ буда, хушу хуррам умр ба сар мебур-данд. Баъдҳо ин оила дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Куйбышев кӯчида меояд.
Григорий мисли бародаронаш аз ҳамин шаҳр ба хизмати Ватан даъват мешавад. Бародари калониаш Гурген соли 1942 дар яке аз муҳорибаҳои шадиди наз-дикии шаҳри Харьков ҳалок мегардад. Бародари ди-гараш Норбен бошад, аз ибтидо то интиҳо дар муҳо-рибаҳои зидди фашизм мардона ҷангида, сазовори ор-дени «Ситораи Сурх» ва чандин медали дигари ҷангӣ мегардад.
Григорий моҳи декабри соли 1942 ба фронт мера-вад. «Он рӯзҳо, — мегӯяд Григорий Аванесович, — фа-шистон зарбаҳои қатъӣ мехӯрданд, вале девонавор мукобилат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё