Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тарзи социалистии зиндагиро муҳофизат мекарданд. Хислатҳои нави оммаи меҳнаткаш, ҷаҳонбинии марксисти-ленинии онҳо, шуури баланди сиёсӣ ва маданият, интернационализм ва гуманизм, муҳаббат нисбат ба Ватан, нафрат нисбат ба душмании вай дар муборизаи зидди истилогарони фашистӣ ба санҷиши вазнин тоб оварданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ватандӯстии советӣ мазмуни нав ва амиқтар пайдо кард. Ба одами советӣ, ба кадом миллате, ки тааллуқ дошта бошад, ҳисси ватандӯстии умумисоветӣ, фаҳмиши он хос аст, ки Ватани ӯ тамоми Иттифоқи Советии бузургу тавоно мебошад. Ҷанг равшан нишон дод, ки халқҳои советӣ озодӣ ва истиқлолият, музаффариятҳои революционӣ худро фақат дар иттифоқ, бо қувваи умумӣ муҳофизат карда метавонанд. Ҷанг умеди империализми ҷаҳониро ба пароканда шудани давлати сермиллати социалистӣ барбод дод.

Ба кори умумии ғалаба бар душман халқи тоҷик, тамоми меҳнаткашони Тоҷикистон низ саҳми арзанда гузоштанд. Дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 200 ҳазор ҳамдиёрони мо яроқ дар даст меҷангиданд. Онҳо ҷасорату қаҳрамонӣ зоҳир намуда, ҳар як ваҷаб замини советиро муҳофизат мекарданд. Ёдоварӣ кардан кофист, ки барои шуҷоату диловарии дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 50 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида, зиёда аз 64 нафарашон бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф сарфароз гардиданд. Номҳои фарзандони шуҷои халқи тоҷик ва фиристодагони Тоҷикистон Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Тӯйчӣ Эрӯингитов, Исмат Шарифов, Фатҳулло Аҳмадов, Сафар Амиршоев, Алексей Дмитриев, Эргаш Шарифов, Ҳодӣ Кенҷаев, Иван Душкин, Раҳимбой Раҳматов, Пётр Горелов,

пешина
аз 139
навбатӣ