Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
тирандозӣ, майори гвардия Радионов 27-уми апрели соли 1944 Исраэлян Григорий Аванесович бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад.
Сарбози арзандаи халқ Исраэлян таҷрибаи бои ҷангӣ андӯхта буд. Ӯро ҳамеша ба участкаҳои мушкилтарин мефиристоданд. Ӯ дар лаҳзаҳои хавфноктарин мушкилкушои ҳамяроқон буд, ба подразделения роҳ мекушод, ба пешравии қӯшунҳои советӣ мадад мекард. Инак, варақаи дигари мукофоти ӯ: «Рафиқ Исраэлян дар муҳорибаҳои зидди фашистони истилогар худро чун сарбози ҷасуру мумтоз нишон дод. Вай дар майдони ҷанг ҷасорату шуҷоат нишон медиҳад ва дар айни ҳол командири моҳиру кордон аст.
Вай дар муҳорибаҳо аз 1 то 6-уми августи соли 1944 бо гурӯҳи сапёрҳои худ дар 3 майдони мина, ки фашистон дар роҳҳои мошин хобонда буданд, зиёда аз 170 минаи зиддитанкӣ ва зидди қӯшунҳои пиёдаро безарар кард.
Фашистон 2 августи соли 1944 дар муҳорибаҳои наздикии деҳаи Сталидзании РСС Латвия ба ҳуҷуми қӯшунҳои мо тоб наоварда, кӯпруки дарёи Неретинаро тарконда ақиб нишастанд.
Исраэлян ба ҷои тарқиш расида, ҳамроҳи сарбозон кӯпрукро аз нав сохта ба истифода дод, ки дар натиҷа яроқу лавозимот ва нақлиёти на танҳо полк, балки дивизия гузашт ва супориши ҷангӣ иҷро гардид.
5 августи соли 1944 Исраэлян бо гурӯҳи сапёрҳои худ дар наздикии деҳаи Римшаси Латвия аз паҳлуи тӯдаи аскарони душман гузашта, роҳи Римшас-Рубенро, ки душман ақиб менишаст, миёнбур намуд. Сапёрҳо дар қад-қади роҳ камин гирифтанд ва ба хеле наздик омадани фашистон имкон дода, якбора ба онҳо ҳамла оварданд. Дар задухӯрди кӯтоҳмуддат 10 нафар немис ҳалок гардида, 16 нафар асир афтод ва супориши фармондеҳ бомуваффақият иҷро карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё