Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
сиёсӣ, давлатӣ ва ҳарбӣ, армия ва халқ, фронт ва ақибгоҳро таъмин намуд. Партияи халқи советӣ ва ҷанговарони онро ба Ҷанги Ватании боадолат ҳидоят кард, онҳоро ба корнамоиҳои бузург рӯҳбаланд намуд. «Партияи Коммунистӣ партияи ҳақиқатан ҷанговар буд. Коммунистон дар участкаҳои душворитарину ҳалкунандаи мубориза ба муқобили душман буданд. Онҳо бо ибрати шахсӣ, каломи шӯълавари партиявӣ халқи советиро рӯҳбаланд мекарданд ва ба ғалаба мебурданд» 1.
Ғалабаи таърихии халқи советӣ бар фашизми гитлерӣ суханҳои зерини В. И. Ленинро тасдиқ кард: «Он халқеро ҳеҷ гоҳ мағлуб карда наметавонанд, ки аксарияти коргарон ва деҳқонони он фаҳмидаанд, ҳис кардаанд ва дидаанд, ки онҳо ҳокимияти худ, Ҳокимияти Советӣ — ҳокимияти меҳнаткашонро муҳофизат мекунанд, кореро муҳофизат мекунанд, ки ғалабаи он ба онҳо ва ба фарзандони онҳо имконияти аз тамоми неъматҳои маданият, аз тамоми офаридаҳои меҳнати инсонӣ баҳра бурданро таъмин менамояд».2
Аз он рӯзе, ки ҷанговарони советӣ ҳазорҳо километр роҳи пурмашаққати ҷангро тай намуда, ба болои рейхстаг Байрақи Ғалабаро барафрохтанд, қариб 45 сол гузашт. Аммо бузургии корнамоии одами советӣ дар хотири халқ абадӣ хоҳад монд.
Китобе, ки манзури хонандагони гиромӣ шудааст, маҷмӯан очеркҳо дар бораи 19 нафар сокинони Тоҷикистон мебошад, ки сазовори ҳар се дараҷаи ордени Шараф гардидаанд. Он дар асоси ҳуҷҷатҳои давлатӣ таълиф ёфтааст.
1 Қарори Комитети Марказии КПСС «Дар бораи 40-солагии Ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941— 1945».— «Правда», 1984, 17 июнь.
2 Ленин В. И. Асарҳо, ҷ. 29, саҳ. 338—339.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё