Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

саҳми Аҳмадҷон калон буд. Аҳмадҷон Рӯзиев зодаи Совети қишлоқи Ёваи вилояти Ленинобод аст. Соли 1939 ба сафи армия даъват шуда буд. Пас аз адои хизмат ба деҳааш баргашт, акнун ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ карда буд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Мудофияи модарВатан, ҳифзи дастовардҳои коргару деҳқон ӯро ором намегузошт. Бинобар ин ихтиёрӣ ба муҳофизати Ватан рафт. Ҳаёти ҷангии Аҳмадҷон Рӯзиев асосан бо муҳорибаҳои хунини фронтҳои Украина ва Белоруссия зич алоқаманд аст. Ин марди зираку далер дар бисёр муҳорибаҳои зидди фашизми гитлерӣ мардона ҷангида, корномаҳо нишон додааст.

Аҳмадҷон чун ёрдамчии командири взвод дар матонату шуҷоат байни ҷанговарон намунаи ибрат буд ва рафиқони худро низ ба он ҳидоят мекард, ки бар зидди душмани лаъну ғаддор беамон биҷанганд.

Дар яке аз ҳуҷҷатҳои архив оид ба ҷонбозиҳои Аҳмадҷон Рӯзиев чунин сабт шудааст: «Взводи Аҳмадҷон Рӯзиев мудофияи душманро рахна карда, ба деҳаи Прокуди роҳ ёфт. Ҷангҳои хунин сар заданд. Тирпарронии тарафайн то дергоҳи шаб давом кард. Дар ин ҷанг Аҳмадҷон Рӯзиев шахсан чанд тан фашистро ба ҷаҳаннам фиристод. Ин 19 декабри соли 1943 буд.

23 декабр взводи Рӯзиев корнамоиҳои беамсоле нишон дод. Взвод беш аз 30 солдати фашистро нобуд карда, 2 нафар гитлерчиро асир гирифт. Аҳмадҷон Рӯзиев низ корнома нишон дод. Вай 2 солдат ва як офицери немисро аз саф бароварда, як пулемёти МГ-34 ва 6 автомат ғанимат гирифт» 1.

Дар натиҷа ба ҳаракати қисмҳои дигар роҳ кушода шуд. Бо тавсияи командири полк Аҳмадҷон Рӯзиев барои роҳбарии намунавӣ ва корнамоиҳои шахсиаш 14

1 Архивиси марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33. р. 686044, д. 1625, в 41.

пешина
аз 139
навбатӣ