Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

оранд, зеро илоҷи дигар нест. Бо ҳамин восита разведкачиён 6 гитлерчиро ба ҳалокат расонда аз иҳо-таи душман раҳо ёфтанд1.

Командири рораи 112-уми разведка лейтенанти калон Федотов дар тавсияномааш хоҳиш менамояд, ки гурӯҳи разведкачиёни Симаков бо мукофоти ҳукуматӣ тақдир карда шавад. Ҳамаи ин корнамоии онҳо ба инобат гирифта, 3 марти соли 1945 бо фармони Армияи 149-ум, зери рақами 052 Симаков Иван Михайлович бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад.

Оре, Симаков сарбози ҷасуру моҳир ва ватандӯсти ҳақиқӣ буд. Вай пайваста ба «шикор» мебаромад ва хушбахтона ҳар дафъа саломат ва бо сари баланд ба қисм бармегашт. Ӯ дар давоми ҷанг бо гурӯҳи разведкачиёни худ садҳо «забон» дастгир карда овардааст.

7 апрели соли 1944 Иван Симаков бо ордени Ситораи Сурх сарфароз гардонда мешавад.

Варақаи мукофоти Иван Михайлович Симаков, ки дар Архиви Вазорати Мудофиаи СССР маҳфуз аст, ки аз боби ҷонбозиҳои баъдинаи ӯ ба тариқи зер шаҳодат медиҳад: «Симаков, чун ёрдамчии командири взвод, борҳо ба гурӯҳи разведкачиён дар ақибгоҳи душман сардорӣ кардааст. 25-уми марти соли 1945 ӯ ба гурӯҳи 7-нафараи разведкачиён сардорӣ карда, дар маҳалли истиқоматии Кундзини аз қисми пеши хати мудофиаи душман гузашта, дар ақибгоҳи душман камин гирифт. Ӯ ба ҳаракати душман назорати қатъӣ бурда, бо фармондеҳи дивизия алоқаи доимӣ барқарор кард ва ахбори муҳим расонд. Разведкачиён ба маҳалли муҳимтарини Юрди расида пайхас намуданд, ки гитлерчиён қувваи эҳтиётӣ ва артиллерияи худро ба канори чапи хати мудофиаи дивизия равона карданианд. Симаков

1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33 р. 686196. д. 5013, в. 97, 143.

пешина
аз 139
навбатӣ