Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас,
ки шараф дорад кабир аст».
ТАРАЕВ
Сергей Степанович
(1920)
Сергей Степанович Тараев ҳанӯз соли 1940 ба хизмати модар-Ватан даъват шуда буд. Қабл аз даъват шуданаш ба сафи армия дар посёлкаи «Красный Виху»-и району Гагини вилояти Горький ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ кор мекард. Вай ҷавони меҳнатдӯсту ҳассосе буд, касби омӯзгориро басо дӯст медошт. Бинобар ин дар андак вақт ба эҳтироми омӯзгору мактабиён сазовор гардид.
Хислатҳои писандидаву хулқи некаш буд, ки ӯро ба мактаби ҳарбии назди полк ба хондан тавсия доданд. Вай дар мактаби ҳарбӣ бо баҳои аъло таҳсил мекард. Дар саросари Ватани паҳноварамон хабари нохуш — ҳамлаи аҳдшиканонаи Гитлер ба СССР барқвор паҳн гардид...
Мактаби назди полк, ки он ҷо Сергей низ таҳсил дошт, ғайричашмдошт имтиҳонҳоро пеш аз мӯҳлат қабул

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё