Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
иста дорад. Дар ҳуҷҷати Архиви Вазорати Мудофиаи СССР дар ин боб чунин навишта шудааст: «Командири расчёти миномётии миномётҳои 120-миллиметраи полки 340-уми тирандозии дивизияи 46-уми тирандозӣ сержант Тараев Сергей Степанович 31 марти соли 1944 ҳангоми рахнаи истеҳкоми душман дар маҳалли Тархово-2-и вилояти Ленинград намунаи олии шуҷоату мардонагӣ нишон дод ва ба расчёти миномёти худ ӯҳдабароёна роҳбарӣ намуд.
Дар натиҷа расчёти ӯ 30 солдату офицери немисро ҳалок гардонда, 3 пулемёт ва як тӯпи душманро аз кор баровард.
Тараев ба мукофоти ҳукуматӣ арзанда аст.
Фармондеҳи полки 340-уми тирандозӣ полковник Фадеев»¹. Бо фармони дивизияи 46-уми тирандозии Фронти Ленинград зери рақами 036-Н аз 30 апрели соли 1944 Тараев Сергей Степанович бо ордени Шараф дараҷаи III сарфароз гардонда мешавад.
То ин дам Тараев барои ҷасурию фармондеҳии намунавиаш бо медали «Барои шуҷоат» сарфароз гашта буд.
Саҳми Сергей Степанович инчунин дар озод намудани шаҳрҳои Пушкин, Дно, Гатчина, Луга калон аст. «Дар ин шаҳрчаҳо — мегӯяд ӯ, — бо фашистони истилогар муҳорибаҳои шадиде ба вуқӯъ пайваста буданд. Вале акнун мо бо рӯҳбаландии дучанд меҷангидем. Наздик расидани ғолибият моро сахт ба ҳаяҷон меовард. Аскарони мо диловариҳои беамсол нишон медоданд»...
Тараев Сергей Степанович дар озод намудани шаҳру деҳоти Эстонияи бародарӣ низ ҳиссаи арзанда дорад. Он рӯзҳо ӯ рутбаи сержанти калонро соҳиб гашта, чун
1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 487. в. 193, 199.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё