Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ХУМОР
(Пора-пора ёдвора)
Эҳдо ба пайвандони накӯномам
Соати рӯйи миз баланд садо дод. Бояд бихезам ва аз пайи таҳриру тасҳеҳи навиштаҳои куҳнаам шавам. Вақт танг аст. Бояд ба гузаштаи умр аз нигоҳи имрӯз нигарист. Вале дастам ҷониби компютер не, тарафи телефони ҳамроҳ дароз шуд ва ҳамзамон дар зеҳнам саволи доимӣ чархид: «Дар олам чӣ гап?»
Дар шабакаи Фейсбук ҳазору як хабари хушу нохуш рӯ зад: абарқудратон барои манфиати хеш дунёро ба бозӣ меандозанд, яке бо сарони ду кишвари ҷангзада гӯиё аз пайи оштӣ додан мулоқот мекунад, шарту шурут мегузорад, як ҷониб розӣ, ҷониби дигар аз нимкосаи таги шоҳкоса меандешад. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ чӣ гапу кор? Хушбахтона, баъзе ҳамсоякишварҳо ба музокироти дуру дароз нуқта гузоштаанд. Хатти сарҳадро дар марзҳои баҳсбарангез муайян кардаву қарордод ба имзо расониданд. Монеаи ду мавзеъ, ки чанд сол боз ба рафтуомади мардуми ду кишвари ҳамҷавор таҳдиди марговар мекард, аз миён бардошта шудааст. Чӣ хуб, ки ҳамсояҳо пеш аз ҷашни Наврӯз аҳди дӯстӣ бастаанд. Ҳаройина, сулҳ аз ҷанг хуб аст! Худоё, коре кун, ки ин сулҳу оштӣ, гуфти мардуми рӯзгордида, гургоштӣ набошад. Ин дуои наврӯзии ман аст!
Дар воқеъ, Наврӯз дар мекубад. Баробаршавии табиии шабу рӯзро, ки гузаштагонамон иди Сари сол ҳам мегуфтанд, дар бисёре аз кишварҳои дуру наздик ҷашн мегиранд. Аммо душманони Наврӯзии нозанин ором намегиранд. Нимҷамуллоҳои ифротие дар шабакаҳои интернетӣ маъво гирифтаву пайваста ҷашни беш аз шашҳазорсолаи ниёкони моро ҳаром мехонанд. Ошиқони Наврӯз ба гулударонии чунинҳо гӯш намеандозанд, балки барои хушгузаронии ин айёми зебо барномарезиҳо доранд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё