Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бархе аз файласуфону муаррихони миллатҳои ҳамсоя ба мо, соҳибони тамаддуни воло, рашк мекунанду афсона ҳам мебофанд. Назар ба «кашф»-и навтаринашон, на онҳо таҳти таъсири фарҳанги эронӣ мондаанд, балки мо таҳти таъсири «тамаддун»-и онҳо шарики ҷашни Наврӯз гардидаем. Масалан, ҳамин ҳоло доктори илмҳои таърих, профессор, сарвари диаспораи туркони Гурҷистон Гасан Гасанов дар Фейсбук ҳарза мефурӯшад: «Ҳарчанд вожаи «НАВРӮЗ» аз ду калимаи форсӣ таркиб ёфтааст, аммо дар қолаби грамматикаи форсӣ нест, вагарна «РӮЗИ НАВ» мебуд. Яқинан форсизабонон «ЯНГИКУН»-и моро ба «НАВРӮЗ» табдил додаанд.» Хайр, ин даъвои бепояву бемоя мурдааст, ки кирои гиря намекунад... Беҳтараш, ба кор бояд часпид.

Баъди лаҳзае занги телефон корамро мекушад. Пайки Наврӯз ба «Чоршанбесурӣ»-и Ромит хабар мекард. Бале, аҷала боядам кард. Вақт кам аст. Боястӣ оташи нишот дардиҳем ва аз болои гулхан се бор ҳалос зада гузарему дарду балосӯзӣ кунем. Ин амали хеле муҳим аст, ки модарбузургам таъкид медошт. Насиб бошад, баъди маросими ҷашни Сурӣ маҳкамтар ба мизи таҳрир менишинам.

Имрӯзҳо ҳис мекунам, вақт чунон зудгузар аст, ки... Зиндагӣ гӯиё ба андозаи як мижа задани инсон аст. Вақти нақдро муфт аз даст додаму худ дарк накардам, ки ба пирӣ расидаам. Аҷаб, ки сари кор гоҳо пинак меравам. Ва бо нӯшидани як пиёла чой худро ҳушёр карда, дар тасаввур бо ҳасрат рӯзгори пешинро ҷон бахшидан мехоҳам, сад афсӯс, ки намешавад. Беихтиёр пижвок мезанам: «Ку хонадони калони бобову бибии ман? Ку модари гулдасти ман? Ку се тагоям, ки такягоҳи мо, чаҳор хоҳару додар, буданд. Бузургон ҳама рафтанд...» Дареғо!


Занги гӯшҳароше паси гӯшам садо дод. Зангӯлаи соати деворист ё телефон аст? Ҳарчанд кӯшидам, ки аз

пешина
аз 208
навбатӣ