Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

бепарвой мекарданд. Агар бехабар монӣ, сақичро аз даҳону сурмаро аз чашм мезаданд шербачаякони чӯгӣ. Қаравули кишти колхоз аз дасти онҳо ба дод омада буд. Хусусан, вақти харбузапаз чӯгибачаҳоро Худо медод. Онҳоро ҳеҷ бо танбеҳу насиҳат ба роҳи дуруст андохта намешуд. Оқибат шикоят то раиси колхоз расид. Раис Нозук-чӯгиро ба суҳбат хонд. Баъди он чӯгибачаҳо ба кишти колхози Ровон зараре намерасониданд, онҳо ба колхозҳои ҳамсоя хуфёна рафтуо мекарданд.

Вақте колхоз ғалберро аз об бардошт, маълум гардид, ки звенои чӯгиён аз тоҷикон камтар меҳнат накардааст. Хелеяк маҳсулот расид ба аъзои звенои Нозук-чӯгӣ. Аслан, он сол обу ҳаво мусоид омада, ҳосили боғу роғ гӯё аз осмон рехта буд.

  • Ин ба шарофати пою қадами мо, — шӯхӣ мекарданд лӯлиёни ширинкор.

  • Боз дар вақташ Мулло Ҷалол аз омадани мо ба колхоз дар ҳарос буд, — бухси дил кафонид додаршӯйи Нозук.

  • Бас, — гуфт сардори чӯгиён, — ба бригадир неши забон назанед. Ёдатон меояд, ки рӯзи аввали ба Ровон омаданамон кӯдаконатон дар як он гулбоғи колхозро ба чӣ ҳол афканда буданд?! Ба долу дарахт часпида, хӯрдаашонро хӯрданду нахӯрдаашонро ба хоки сиёҳ яксон карданд! Ин ҳолатро дида, албатта, Мулло Ҷалол бо ин қавми бесар чӣ кор мекунем, гуфта тарсидагист.

  • Ба ҳар ҳол, мо нишон дода мемонем, ки чӯгиён ҳам одам.

  • Вай ману туро ноодам нагуфта буд. Албатта, назари аввал ҳамаро фиреб метияд. Ман ҳам дар ҷамъомади онрӯза бригадирро дигар хел одам фикр карда будам. Вақте аз хонааш ҷой гирифтаму бо оилааш аз наздик шинос шудам, донистам, ки гумонам хато будааст. Шахси ҳалолкор, ширинсухан, ҳаззолу дилёб. Аз ин зиёд дар ҳаққи ӯ чӣ гӯям? Хуллас, одами нағз.

Дар мавсими сармо чӯгиён рӯ ба бозор меоварданду аҳён-аҳён ба деҳоти гирду атроф рафта, кӯча ба кӯча гашта

пешина
аз 208
навбатӣ