Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

райҳону нозбӯю гулибеору зарвараку шомусаҳару савсану ошиқипеҷону садбарг нақҳате доштанд камназир. Модарбузург ин ҳама кишту кори духтари нозанинашро дида ба завқ меомаду месароид:
Духтар гули бунафша,
Тамошо кун ҳуснаша!

Модаркалон ва модари ман шоирона сухан мекар- данд. Валлоҳ, ки нахустустонам он азизони ормонии ман буданд.

Чунонки зикраш рафт, бибии ман дувоздаҳ фарзанд ба дунё оварда, даҳ нафарашонро дар синну соли гуногун ба хоки хунук супоридааст. Баҳори соли 1976 модарам - Анзуратпошо ва тағои дӯстдоштаам Абдулаҳадро дар миёни 33 рӯз аз даст дода, қариб ақл бохта буд.

Ӯ кайҳо аз пойи равон мондаву ҷои хобаш паси тирезае буд. Дар таги суфа як дарахти серҳосили биҳӣ мавҷуд буд. Одатан модарам ҳар рӯз ду бор - саҳару бегоҳӣ ба хабаргирии бибиям мерафту саргиракашро ба шохаи ҳамон биҳӣ меовеҳт ва ба хонаи хоби азизаш медаромад. Гӯиё чашмони хастаи бибиҷонам рӯшан мешуд, рухсораи пажмурдааш мешукуфт, ду дасташро кӯдаквор дароз карда худро ба оғӯши духтари ягонааш меандохт, мегуфтӣ, модарбузург тифле бошад дар канори модари ҷонаш!

Гоҳо модарам, ки мо - чаҳор фарзандро бо сари бевагиаш танҳо калон мекарду барои ба даст овардани ризқу рӯзӣ боло-поин медавид, аҳёнан ягон рӯз ба дидори бибиям расида наметавонист. Чун бо андаке таъхир меомад, модаркалон бо духтари нозбардораш «қаҳрӣ» мешуд, яъне, оби дида мерехту рӯяшро дигар тараф мегардонд.

  • Бивиҷон, бо ҷо кард? - модарам хандакунон модарашро ба оғӯш мекашид.

  • Ту мана партофтӣ... Кӯки чашмам аз раҳпойӣ канда шуд...

  • Инту нагӯ, бивиҷон. Ҳамагӣ як рӯз наомадам, парер омада будам. Шукр, келин хуб нигоҳат мекунад.

пешина
аз 208
навбатӣ